НАШРИ ИТТИЛООТИ РАСМӢ ВА ДИГАР ХАБАРҲОИ ҲАТМӢ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

 

Моддаи 22. Нашри ахбори расмӣ

  1. Воситаҳои ахбори оммае, ки онҳоро мақомоти давлатӣ таъсис додаанд, вазифадоранд ахбори расмии ин мақомотро нашр намоянд.
  2. Воситаҳои ахбори омма вазифадоранд қарори эътибори қонунӣ пайдонамудаи судро дар бораи дар ҳамон воситаи ахбори омма нашр кардани он ройгон ва дар мўҳлати муқарраршуда нашр намоянд.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ

 

Моддаи 21. Нашри иттилооти расмӣ ва дигар хабарҳои ҳатмӣ

Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ вазифадоранд, ки изҳороти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тамоми ҳудуди мамлакат мунташир намоянд.

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ҳуқуқ надоранд, ки аз интишори хабарҳо роҷеъ ба ҳолатҳои фавқулодда даст кашанд. Ҳуқуқи истифодаи телевизион ва радиошунавонӣ ба ин мақсад ба зиммаи мақомот ва шахсони мансабдоре мебошад, ки салоҳияти ҳалли масъалаҳоро дар шароити ҳолатҳои фавқулодда доранд.

Моддаи 23. Додани вақт дар барнома барои суханронӣ ва изҳороти расмӣ

Пахши барнома аз ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ дар асоси ҳаҷми умумии барномаҳо ва маблағгузории умумӣ сурат мегирад.

Пахши барнома аз иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз ҷониби ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ дар асоси шартномаи байни сатҳҳои муайяни маҷлис ва ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ сурат мегирад.

Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ бо талаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои изҳороти расмӣ оид ба масоили муҳими ҳаёти давлат вақт ҷудо мекунанд.

crescentofhearth.com