ҲУҚУҚ БА ОЗОДИИ ВИҶДОН ВА ДИН
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. (моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.
Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.
Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.
Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст. (моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд. (моддаи 26 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст. (моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон танзими қонунии ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва дин ба роҳ монда мешавад.
Мафҳумҳои асосии зерин барои фаҳмиши амиқи ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва дин муосидат мекунанд:
- озодии виҷдон - ҳуқуқи ҳар як инсон ва шаҳрванд барои ихтиёрӣ ва мустақилона муайян намудани муносибати худ ба дин, ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ва ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб кардан ва тағйир додани эътиқоди динӣ, инчунин баён намудан ва паҳн кардани ҳама гуна эътиқоди марбут ба дин ва ҷаҳонбинии атеистӣ;
- озодии пайравӣ ба дин - ҳуқуқи ҳар як инсон ва шаҳрванд барои озодона ва мустақилона интихоб кардани ягон дин ва пайравӣ намудан ба он, иштирок дар ибодати динӣ, адои маросимҳои динӣ ва таълими дин;
- иттиҳодияи динӣ - иттиҳоди ихтиёрии пайравони як дин ба мақсади якҷоя анҷом додани ибодат ва маросимҳои динӣ, таълими динӣ, инчунин паҳн намудани эътиқоди динӣ.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб, паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода мешавад. Ҳама новобаста аз муносибаташон ба дин ва мансубияти динӣ дар назди қонун баробаранд.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар адои маросимҳои динӣ иштирок карда метавонанд ва барои риоя кардани қонунгузорӣ дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ масъуланд.
Ҳеҷ кас ӯҳдадор нест, ки дар бораи муносибати худ ба дин маълумот диҳад.
Шахс ҳангоми муайян кардани муносибати худ ба дин, ба пайравӣ ё дасткашӣ аз пайравии дин, ба иштирок кардан ё накардан дар ибодати динӣ, дигар расму оин ва маросимҳои динӣ, дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, дар таълими дин маҷбур карда намешавад.
Монеъшавӣ ба амалӣ гардонидани ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла бо истифодаи зӯроварӣ нисбат ба шахс, бо таҳқири ҳиссиёти шаҳрвандон вобаста ба муносибати онҳо ба дин, бо тарғиби афзалияти динӣ, бо маҳв намудани молу мулк ё осеб расонидан ба он ё бо таҳдиди анҷом додани чунин амалҳо манъ мебошад.
Гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ ва ҷой додани матну тасвирҳои таҳқиркунандаи ҳиссиёти динии шаҳрвандон дар назди объектҳои муътабари динӣ манъ аст.
Даъват ба ҳар гуна бартариҳо ва маҳдудиятҳо дар муносибат ба дин ва эътиқод роҳ дода намешавад.
Маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва пайравӣ ба дин танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.
Барангехтани ҳар гуна кинаву адоват ва низои динӣ, таҳқири ҳиссиёти динӣ ва атеистии шаҳрвандон манъ мебошад.
Айбдор кардани шахс бо сабаби диндорӣ, ё бединӣ ва ё тарки дин манъ аст.
Иттиҳодияҳои динӣ дар масъалаҳои вобаста ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ҳуқуқи дахолат ба ҳаёти шахсии инсон ва шаҳрвандро надоранд.
Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ба қайди муносибати шаҳрванд ба дин ва эътиқод роҳ дода намешавад.
Падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда ҳуқуқ доранд, ки фарзандонашонро тибқи муносибати шахсии худ ба дин бо риояи ҳуқуқи кӯдак ба озодии виҷдон таълиму тарбия диҳанд.
Ҷалб кардани ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ноболиғон додани таълими динӣ бе иҷозати хаттии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда манъ аст.
Давлат барои таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони диндор ва иттиҳодияҳои динӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд ва давлат:
- ба муайян намудани муносибати инсон ва шаҳрванд ба дин ва мансубияти динӣ дахолат намекунад;
- ба зиммаи иттиҳодияҳои динӣ иҷрои вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро намегузорад;
- ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунҳо пешбинишуда, дахолат намекунад;
- хусусияти дунявии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таъмин менамояд;
- барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни иттиҳодияҳои динии дину мазҳабҳои гуногун, инчунин байни пайравони онҳо мусоидат менамояд, ба зуҳуроти таассуб ва ифротгароӣ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ роҳ намедиҳад.
Ҳар кас ба таври ихтиёрӣ ба гирифтани таҳсилоти динӣ дар алоҳидагӣ ва ё ҳамроҳи дигарон ҳуқуқ дорад.
Масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва масҷидҳои ҷомеъ тибқи оинномаи (низомномаи) худ бо роҳи таъсис додани гурӯҳҳои таълимӣ ба омӯзонидани асосҳои дин машғул шуда метавонанд.
Таълими динии кӯдакон аз синни 7 то 18-солагӣ бо ризояти хаттии падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда дар вақтҳои берун аз дарс ва берун аз барномаи таълимии таҳсилоти давлатӣ иҷозат дода мешавад.
Гирифтани таълими динӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар мактабҳои олии динии хориҷӣ баъд аз гирифтани таҳсилоти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистои ва бо розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва оид ба соҳаи маориф иҷозат дода мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои динӣ ба таври ихтиёрӣ ва ошкоро таъсис дода мешаванд.
Муассисони иттиҳодияҳои динӣ на камтар аз 10 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонанд, ки дорои эътиқоди динии умумӣ мебошанд ва ба синни 18-солагӣ расидаанд.
Шахсони мансабдори давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва аъзои ҳизбҳои сиёсӣ муассис ва корманди иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд.
Шахсоне, ки ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардаанд, муассис ё ходимони иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд.
Таъсис додани иттиҳодияҳои динӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дигари давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ манъ мебошад.
Иттиҳодияҳои динӣ дар шаклҳои ҷамоаи динӣ ва ташкилоти динӣ фаъолият менамоянд.
Ҷамоаи динӣ - иттиҳоди ихтиёрӣ ва мустақили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади якҷоя анҷом додани ибодат ва қонеъ гардонидани дигар эҳтиёҷоти динӣ ташкил карда мешавад.
Шаклҳои ҷамоаи динӣ - масҷиди ҷомеъ, масҷиди панҷвақта, ҷамоатхона, ибодатгоҳ, зиёратгоҳ ва дигар шаклҳое, ки ба қонунгузорӣ мухолиф нестанд.
Ҷамоаи динӣ дар асоси низомномаи худ, ки аз қайди баҳисобгирии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин гузаронида мешавад, бе ташкили шахси ҳуқуқӣ фаъолият менамояд.
Ташкилоти динӣ - иттиҳоди ихтиёрӣ ва мустақили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади якҷоя анҷом додани ибодат, таълими динӣ ва паҳн кардани эътиқоди динӣ ташкил карда шудааст.
Шаклҳои ташкилоти динӣ - маркази динии ҷумҳуриявӣ, масҷиди ҷомеи марказӣ, ҷамоатхонаи марказӣ, муассисаи таълимии таҳсилоти динӣ, калисо, куништ ва дигар шаклҳое, ки бо қонунгузорӣ мухолиф нестанд.
Ташкилотҳои динӣ вобаста ба ҳудуди фаъолияти худ ба ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ тақсим мешаванд.
Номи ташкилоти динӣ бояд маълумотро дар бораи эътиқоди динии он дар бар гирад.
Масҷид иттиҳоди ихтиёрии мусулмонон бо мақсади анҷом додани намоз ва қонеъ гардонидани дигар эҳтиёҷоти динӣ, инчунин намозгоҳи ҷамъиятии исломӣ бо таъиноти умумидиёнатӣ мебошад.
Масҷидҳои ҷомеъи марказӣ ҳамчун шакли махсуси иттиҳодияи динӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти парастишӣ ва дигар эҳтиёҷоти диёнатии диндорон аз ҷониби масҷидҳои ҷомеъ дар ҳар шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ яктогӣ таъсис дода мешаванд.
Масҷидҳои ҷомеъ дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 10 ҳазор то 20 ҳазор нафар аҳолӣ доранд.
Дар шаҳри Душанбе масҷидҳои ҷомеъ дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 30 ҳазор то 50 ҳазор нафар аҳолӣ доранд.
Масҷидҳои панҷвақта дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 100 то 1000 нафар аҳолӣ доранд.
Дар шаҳри Душанбе масҷидҳои панҷвақта дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 1000 то 5000 нафар аҳолӣ доранд.
Сархатибон, имомхатибон ва имомони масҷидҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин интихоб карда мешаванд.
Қитъаи замин барои сохтмони бинои масҷид бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, пас аз мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин, ҷудо карда мешавад.
Ташкилотҳои динӣ бо ташкили шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ҷамоаҳои динӣ бе ташкили шахси ҳуқуқӣ аз қайди баҳисобгирӣ мегузаранд.
Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои динӣ ва қайди баҳисобгирии ҷамоаҳои диниро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур анҷом медиҳад.
Барои бақайдгирии давлатии ташкилоти динӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза дар бораи бақайдгирии давлатӣ;
- оинномаи ташкилоти динӣ;
- протоколи маҷлиси муассисон;
- рӯйхати ҳайати муассисон ва комиссияи тафтишотии ташкилоти динӣ бо нишон додани маълумот дар бораи мансубияти шаҳрвандӣ, ҷои истиқомат ва санаи таваллуд;
- маълумотнома аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи мавҷуд будани пайравони ташкилоти динӣ дар ҳудуди фаъолияти он дар давоми на камтар аз 5 соли охир;
- маълумот дар бораи асосҳои таълимоти динӣ ва амалияи мувофиқи он, аз ҷумла дар бораи таърихи пайдоиши дин ва ташкилоти динӣ, дар бораи шакл ва тарзҳои фаъолияти он, дар бораи муносибати он ба таҳсилот, оила ва никоҳ, хусусиятҳои муносибат ба саломатии пайравони худ;
- ҳуҷҷати пардохти боҷи давлатӣ;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи ҳуқуқии) ташкилоти динии таъсисшаванда.
Барои қайди баҳисобгирии ҷамоаҳои динӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза дар бораи қайди баҳисобгирӣ;
- низомномаи ҷамоаи динӣ;
- протоколи маҷлиси муассисон;
- рӯйхати ҳайати муассисони ҷамоаи динӣ бо нишон додани маълумот дар бораи мансубияти шаҳрвандӣ, ҷои истиқомат, санаи таваллуд;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи ҳуқуқии) ҷамоаи динӣ.
Тағйиру иловаҳо ба оинномаи (низомномаи) иттиҳодияҳои динӣ тибқи тартиб ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи ҳамин модда ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд ва аз вақти чунин бақайдгирӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.
Барои бақайдгирии ташкилоти динӣ, инчунин барои ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба оинномаи он боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
Ташкилотҳои динӣ дар асоси оиннома ва ҷамоаҳои динӣ дар асоси низомномаи аз ҷониби муассисони онҳо тасдиқшуда фаъолият мекунанд.
Оинномаи (низомномаи) иттиҳодияҳои динӣ бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- ном, маҳалли ҷойгиршавӣ ва шакли иттиҳодияи динӣ, эътиқоди динӣ ва дар ҳолати мансубият ба ташкилоти динии дахлдор - номи он;
- мақсад ва вазифаҳо, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо, ҳудуд ва шаклҳои асосии фаъолият;
- тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва қатъ гардидани фаъолият;
- сохтори иттиҳодияи динӣ, мақомоти роҳбарикунанда ва назоративу тафтишотӣ, тартиби ташкил додан ва ваколати онҳо;
- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оиннома (низомнома);
- сарчашмаҳои ташаккули маблағ ва дигар молу мулк;
- тартиби ихтиёрдорӣ кардани молу мулк дар ҳолати қатъ гардидани фаъолият;
- тасвири рамзии ташкилоти динӣ дар сурати вуҷуд доштани он.
Ташхиси давлатии диншиносӣ аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдор бо мақсади муайян намудани хусусиятҳои эътиқоди динии иттиҳодияҳои динӣ, дурустии маълумот оид ба таълимоти динӣ ва амалияи парастишии онҳо, инчунин таҳлили мӯҳтавои адабиёт ва маводи таъиноти динӣ гузаронида мешавад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи адои ҳаҷ ва умраро доранд. Тартиби адои ҳаҷ ва умраро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Иттиҳодияҳои динӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти хайриявӣ машғул шуда метавонанд.
Фаъолияти таблиғотӣ ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ дар муассисаҳои таълимӣ, инчунин дар манзилу хонаҳои шаҳрвандон манъ аст.
Назорати умумии иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ аз ҷониби мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои аз тарафи иттиҳодияҳои динӣ вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз ҷониби онҳо содир шудани амалҳое, ки ба мақсадҳои оинномавиашон (низомномавиашон) мухолифат мекунанд, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ба иттиҳодияи динӣ огоҳинома мефиристад ва мӯҳлати бартараф намудани онҳоро муқаррар менамояд.
Иттиҳодияи динӣ тибқи оинномаи (низомномаи) худ ва ё бо қарори суд барҳам дода мешавад.
Иттиҳодияи динӣ бо асосҳои зерин барҳам дода ва фаъолияти он манъ карда мешавад:
- риоя накардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накардан, инчунин аз тарафи иттиҳодияи динӣ анҷом додани фаъолияте, ки ба мақсадҳои оинномавии (низомномавии) он мухолиф аст;
- аз ҷониби иттиҳодияи динӣ бартараф накардани кирдорҳое, ки дар амри хаттии прокурор ё қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин нишон дода шудаанд.
Прокурор ё мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ҳуқуқ доранд, ки барои барҳам додани ташкилоти динӣ ва ё манъ кардани фаъолияти ҷамоаҳои динӣ ба суд муроҷиат намоянд.
Барои маълумоти бештар нигаред ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”