ҲУҚУҚ БА МАНЗИЛ
Ҳуқуқ ба манзил ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд тааллуқ дорад ва давлат онро ҳамчун ҳуқуқи мутлақ ва табиӣ эътироф намуда, ҳифзи онро кафолат медиҳад.
Дар моддаи 36 Конститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Механизмҳои амалишавии муқаррароти моддаи мазкур дар қонунгузории амалкунанда инъикоси худро ёфтаанд. Тибқи онҳо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ вазифадоранд сохтмони манзилро дастгирӣ намуда, барои амалишавии ин ҳуқуқ шароит муҳайё кунанд.
Тоҷикистон Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба тавсиб расонида, вазифадор шудааст барои амалӣ шудани ҳуқуқ ба манзили кофӣ, ки манзили барои зиндагӣ мувофиқ, ба инфрасохторҳои иҷтимоӣ ва барои харид дастрас, инчунин таъмини ҳуқуқи истифода аз онро дар бар мегирад, мусоидат намояд.
Ҳуқуқи мазкур дар санадҳои байналмилалӣ аз қабили Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ танзим шуда, дар Кодекси манзили Тоҷикистон, Кодекси мадании Тоҷикистон мушаххас гардидаанд. Тибқи ин санадҳо таъминоти одамон ба манзил чун унсури табиӣ ва ҳатмӣ эътироф шудааст.
Ҳуқуқ ба манзил бо роҳи сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва хусусӣ таъмин карда мешавад.
Манзили истиқоматӣ манзили алоҳидае мебошад, ки барои зиндагии доимӣ мувофиқ буда, дар он талабот ва қоидаҳои техникию санитарӣ риоя шудаанд.
Миқдори хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон маҳдуд нест. Манзили истиқоматӣ, яъне хонаҳое, ки шаҳрвандон месозанд, бояд дар қитъаи замине, ки мутобиқи лоиҳаи мақомоти маъмуриву шаҳрсозӣ, ки барои сохтмони ҳавлиҳо мураттаб шуда, ба меъёрҳои зидди сўхтору беҳдошти табиат ва меъмории шаҳрсозӣ мувофиқ карда шудааст, сохта шаванд.
Тибқи муқаррароти Кодекси манзил манзили шахс дахлнопазир аст. Ба манзили шахс зўран даромадан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст. Ҳеҷ кас аз манзилаш бароварда намешавад ва аз ҳуқуқи истифодабарии манзил маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Тибқи талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ манзили шахс дахлнопазир аст. Ворид шудан ба манзил бе ризои шахсони маскуни он манъ аст. Азназаргузаронӣ, кофтукови манзил ва дарёфт кардан бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур амалӣ карда мешаванд.
Ба манзили истиқоматӣ хонаи истиқоматӣ, қисми хонаи истиқоматӣ, хона дар бинои бисёрхонагӣ, қисми хона ва ҳуҷра дохил мешаванд.
Фонди манзил вобаста ба шакли моликият ба намудҳои зерин тақсим мешавад: фонди манзили давлатӣ ва фонди манзили хусусӣ.
Фонди манзили давлатӣ аз фонди манзили ҷумҳуриявӣ, коммуналӣ ва фонди манзили мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иборат аст.
Фонди манзили хусусӣ аз манзилҳои истиқоматие, ки дар моликияти шаҳрвандон ё шахсони ҳуқуқии ғайридавлатӣ ё иттиҳодияҳои онҳо қарор доранд, иборат аст.
Фонди манзил вобаста ба мақсадҳои истифодабарӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешавад: фонди манзили истифодаи иҷтимоӣ, фонди манзили махсусгардонидашуда, фонди манзили шахсӣ (инфиродӣ), фонди манзили истифодаи тиҷоратӣ.
Бо мақсади таъмини кафолати ҷуброни зарари расонидашуда вобаста ба вайрон шудан, аз байн рафтан, хароб шудан ё осеб дидани манзилҳои истиқоматӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манзилҳои истиқоматӣ метавонанд суғурта карда шаванд.
Молики манзили истқоматӣ ҳуқуқи соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории манзили истиқоматии ба ӯ тааллуқдоштаро дорад.
Молики манзили истиқоматӣ ҳуқуқ дорад хонаи истиқоматии ба ў тааллуқдоштаро барои истифодабарӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартномаи иҷора, истифодабарии бемузд, ё бо асоси дигари қонунӣ диҳад.
Молики манзили истиқоматӣ уҳдадор аст, манзилро дар ҳолати муносиб нигоҳ дошта, талаботи санитарию гигиенӣ, экологӣ, меъморию шаҳрсозӣ, зидди сӯхтор ва талаботи дигари муқаррар шударо, риоя намояд. Ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ҳамсояҳоро эҳтиром ва риоя намояд. Қоидаҳои истифодабарии манзилҳои истиқоматӣ, инчунин қоидаҳои нигоҳдории молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагӣ ва ҳудуди назди хонаро риоя намояд. Маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ, таъмири манзили истиқоматӣ ва маблағҳои дигарро вобаста ба истифода ва нигоҳдории зарурии манзили истиқоматӣ, аз ҷумла маблағҳои вобаста ба нигоҳдории молу мулки умумӣ дар бинои бисёрхонагӣ ва ҳудуди назди хонаро сари вақт пардохт намояд. Манзили истиқоматиро набояд ба зарари манфиатҳои давлат, ҷамъият ва шаҳрвандони дигар истифода намояд.
Ҳамсар, фарзандон, падару модар, бобо, бибӣ, наберагон ва аберагони молик, ки дар манзили истиқоматии молик бо ў доимӣ истиқомат мекунанд, аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ эътироф карда мешаванд.
Дар ҳолатҳои истисноӣ шахсони дигар низ метавонанд аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ эътироф карда шаванд, агар онҳо бо розигии молик дар ҳамин манзили истиқоматӣ ба таври доимӣ бо молики манзил истиқомат карда бошанд.
Баҳсҳо дар бораи аъзои оилаи молики манзили истиқоматӣ эътироф кардани шахс бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
Моликони манзили як бинои бисёрхонагӣ метавонанд танҳо як ширкати моликони манзилро таъсис диҳанд. Қарор оид ба таъсиси ширкати моликони манзил ҳамон вақт қабулгардида ҳисоб мешавад, ки агар ба тарафдории он зиёда аз 50 фоизи моликони манзил ё намояндагони онҳо овоз дода бошанд.
Асоси ҳуқуқҳои иқтисодиро ҳуқуқ ба моликият ташкил медиҳад, ки он ҳуқуқи доштан, истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ намудани молу мулкро дар бар мегирад.
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар моликияти худ ҳар гуна молу мулки аз тариқи қонунӣ бадастовардашуда дошта бошанд ва аз он истифода намоянд. Ҳеҷ касро аз моликияташ маҳрум намудан мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ.
Конститутсия имконияти гирифтани молу мулки соҳибмулкро дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш аз ҷониби давлат барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ пешбинӣ намудааст.
Сарчашмаҳои татбиқи ҳуқуқ ба манзил
Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, (Ахбори Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022, №1,2-3, мод.2).
Тартиби баҳисобгирии давлатии фонди манзил, аз 29 майи соли 2023, № 208
Тартиби ташаккули фонди манзили давлатии иҷтимоӣ, аз 29 майи соли 2023, №209
Тартиби иваз намудани манзилҳои истиқоматии тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ додашуда, аз 29 майи соли 2023, №210
Тартиби эътироф кардани шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба манзили истиқоматие, ки бо шартномаи кирояи иҷтимоӣ дода мешавад, аз 29 майи соли 2023, №211