МУНОСИБАТҲОИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФӢ
КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 40.
Ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад.
Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад.
Моликияти зеҳнӣ таҳти ҳимояи қонун аст.
КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 164. Моликияти зеҳнӣ
Дар ҳолатҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, қонунҳо моликияти зеҳнӣ эътироф ва ҳифз карда мешавад.
Моддаи 251. Ҳуқуқ ба озодии эҷодиёт
- Шахси воқеӣ ҳуқуқ ба озодии эҷодиётро дорад.
- Шахси воқеӣ ҳуқуқ дорад озодона соҳа, мазмун ва шакли эҷодиётро муайян намояд.
- Муаллифӣ ҳуқуқи бегонанашаванда мебошад.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН
Моддаи 4. Соҳаи амали ҳуқуқи муаллиф
Тибқи ҳамин Қонун ҳуқуқи муаллиф ба асарҳои зерин дода мешавад:
1) асарҳое, ки муаллифони онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ё дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли зисти доими доранд;
2) асарҳое, ки бори аввал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаанд (аз ҷумла асарҳое, ки дар муддати 30 рўзи пас аз санаи интишори аввалин дар кишвари дигар, бори аввал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаанд) ё асарҳое, ки ба табъ нарасида, сарфи назар аз табаият ва маҳалли зисти доимии муаллифони онҳо дар шакли муайяни объективи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд;
3) асарҳое, ки онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд. Дар ин ҳолат асарҳои соҳибҳуқуқони давлатҳои хориҷии иштирокчиёни санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон аз ҳифзе бархўрдоранд, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад (реҷаи милли).
Ҳифзи асар дар ҳудуди Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбати асарҳое амалӣ мешавад, ки онҳо дар кишваре, ки асар эҷод шудааст, ба моликияти ҷамъиятӣ дар натиҷаи ба итмом расидани мўҳлати амали ҳуқуқи муаллиф дар он кишвар ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи ба итмом расидани мўҳлати қаблан вогузорнамудаи ҳуқуқи муаллифӣ ба моликияти ҷамъиятӣ нагузашта бошад. Дар ин сурат мўҳлати амали ҳуқуқи муаллифӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аз мўҳлати амали муқарраргардидаи ҳуқуқи муаллифии кишваре, ки дар он асар эҷод шудааст, зиёд буда наметавонад.
Моддаи 5. Объектҳои ҳуқуқи муаллиф.
Ҳуқуқи муаллиф ба асарҳои илм, адабиёт ва санъат, ки натиҷаи фаъолияти эҷоди мебошанд, сарфи назар аз таъинот ва аҳамият, ҳамчунин тарзи ифодаи онҳо татбиқ мегардад. Асарҳо бояд дар ин ё он шакли объективи ифода ёбанд:
1) хатти (дастхат, чопи мошини, сабти нотаҳо ва ғ.);
2) шифоҳӣ (изҳори оммави, иҷрои оммави ва ғ.);
3) сабти овози ва видеои (механики, магнити, адади, оптики ва ғ.);
4) тасвири (расм, ангора, сурат, нақша, тасмаи кино, навори телевизион, навори видео, кадри аккоси ва ғ.);
5) ҳаҷми ва фазои (ҳайкал, намуна, амсила, сохтмон ва ғ.);
6) дигар шаклҳои қобили дарку эҳсос.
Ба ғоя, усул, ҷараён, тартиб, тарзу усул, равия, принсип, кашфиёт ва факт ҳуқуқи муаллиф татбиқ намегардад.
Ҳуқуқи муаллифи ба асар бо ҳуқуқи моликият ба объекти модди, ки асар дар он ифода ёфтааст, вобастаги надорад.
Таҳвили ҳуқуқи моликият ба объекти модди худ аз худ маънои таҳвили ин ё он ҳуқуқи муаллифро ба асари дар он объект ифодаёфта надорад.
Моддаи 6. Асарҳое, ки объекти ҳуқуқи муаллиф мебошанд
Ба объектҳои ҳуқуқи муаллиф инҳо мансубанд:
1) асарҳои шифоҳи (суханрониҳо, лексияҳо, маърўзаҳо ва ғ.);
2) асарҳои адабиёт (адабию бадеи, илми, таълими, публитсисти ва ғайра, ҳамчунин тамоми намуди барномаҳо барои МЭҲ, аз ҷумла барномаҳои амали ва системаҳои амалиётие, ки метавонанд дар ҳар забон ва дар ҳар шакл, инчунин дар матни ибтидои ва рамзи объекти таҷассум гарданд);
3) асарҳои драмави ва мусиқиву драмави, асарҳои сенари;
4) асарҳои хореографи ва пантомима;
5) асарҳои мусиқи бо матн ва бе он;
6) асарҳои аудиовизуали;
7) асарҳои тасвири, ҳайкалтароши, графики, санъати ороишию амали, дизайни, ҳикояҳои тасвири, комиксҳо ва дигар асарҳои санъати тасвири;
8) асарҳои меъмори, шаҳрсози ва санъати богпарвари;
9) асарҳои суратнигори ва дигар асарҳое, ки бо усулҳои ба он монанд офарида мешаванд;
10) харита, нақша, ангора, тарҳҳои чуғрофи, геологи, заминшиноси ва дигар асарҳои пластики, ки ба ҷуғрофия, топография ва илмҳои дигар марбутанд;
11) асарҳои маҳсули (тарҷума, таҳрир, хулоса, реферат, резюме, шарҳу тавзеҳ, саҳнагузори ва дигар коркардҳои асарҳои илми, адабиёт ва санъат);
12) маҷмўаҳо (энсиклопедияҳо, тазкираҳо, манбаъҳои маълумот) ва дигар асарҳои таркиби, ки натиҷаи меҳнати эҷоди буда, ба аломатҳои дар моддаи 5 ҳамин Қонун мутобиқат доранд;
13) қисматҳои асар (аз ҷумла номи он, қаҳрамонҳо ва унсурҳои дигар), ки талаботи қисми якуми моддаи 5-ро қонеъ мегардонанд ва метавонанд дар алоҳидагӣ истифода шаванд.
Асари маҳсули ва таркиби, сарфи назар аз он, ки асарҳои асоси ё таркибии онҳо объекти ҳуқуқи муаллифанд ё не, аз ҳифзи ҳуқуқи муаллиф бархўрдоранд.
Моддаи 7. Асарҳое, ки объекти ҳуқуқи муаллиф нестанд
Ин асарҳо объекти ҳуқуқи муаллиф нестанд:
1) асноди расми (қонунҳо, қарорҳои суди, дигар матнҳои дорои хислати қонуни, маъмури ва суди), ҳамчунин тарҷумаи расмии онҳо;
2) рамзҳо ва нишонаҳои давлати (Парчам, Нишон, Суруди Милли, орденҳо, пули милли ва нишонаҳои дигари давлати);
3) хабарҳо оид ба ҳодисаву фактҳое, ки хислати иттилооти доранд;
4) асарҳои эҷодиёти халқ.
Моддаи 8. Субъектҳои ҳуқуқи муаллиф
Субъекти ҳуқуқи муаллиф худи муаллиф мебошад.
Муаллиф шахсест, ки ҳангоми интишори асар номи ў ҳамчун муаллиф дар нусхаи асари интишорёфта, дар дастхат ё дар нусхаи аслии асари санъат қайд гардидааст.
Моддаи 9. Ба вуҷуд омадани ҳуқуқи муаллиф. Эътирофи муаллифӣ
Ҳуқуқи муаллиф ба асари илм, адабиёт ва санъат аз лаҳзаи эҷоди он ба миён меояд. Барои ба вуҷуд омадан ва амали сохтани ҳуқуқи муаллиф бақайдгири, ба таври махсус ба расмият даровардани асар ё риояи ин ё он расмиятгарои шарт нест.
Соҳиби ҳуқуқи комили муаллиф барои огоҳ сохтан аз ҳуқуқи худ метавонад аз аломати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф истифода кунад, ки он дар ҳар як нусхаи асар сабт ёфта, аз се унсур иборат мебошад:
1) ҳарфи лотинии "С", ки дар дохили доира аст (С);
2) ном (унвон)-и соҳиби ҳуқуқи комили муаллиф;
3) соли нашри аввали асар.
Дар сурати мавҷуд набудани далелҳои дигар муаллифи асар шахсе ҳисоб меёбад, ки дар асл ва ё нусхаи асар ба сифати муаллиф сабт ёфтааст.
Дар сурати беимзо ва ё таҳти имзои мустаор нашр гардидани асар (ғайр аз ҳолатҳое, ки тахаллуси муаллиф барои шахсияти ў шубҳаовар нест) ношире, ки ному унвони он дар асар сабт ёфтааст, ҳангоми мавҷуд набудани далелҳои дигар, намояндаи муаллиф ҳисоб меёбад ва ба ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва амали сохтани он ҳуқуқ дорад. Ин ҳолат то замоне амал мекунад, ки муаллифи асари мазкур шахсият ва муаллифии худро маълум накунад.
Соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва ё шахсоне, ки дорои ягон навъ салоҳияти комил ба асар мебошанд, барои дарёфти шаҳодатномаи муаллифи ба асари нашршуда ё нашрнашуда, дар бораи факт ва санаи нашри асар ё шартномаҳое, ки ба ҳуқуқи муаллиф марбутанд, метавонанд бо тартибе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқи вобаста ба он (минбаъд - мақоми ваколатдор) муайян карда мешавад, дар давоми тамоми мўҳлати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф аз қайд гузаранд.
Соҳиби объекти модди, ки асар дар он ифода ёфтааст, ба шахсе, ки соҳиби ҳуқуқи муаллиф мебошад, дар бақайдгирии асар монеъ шуда наметавонад.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА
Моддаи 14. Воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ
Воситаҳои ахбори омма ҳангоми истифодаи мавод бояд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи моликияти зеҳниро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, риоя намоянд.
Моддаи 25. Истифодаи мавод ва эҷодиёти муаллифон
- Воситаҳои ахбори омма эҷодиёти муаллифонро бо риояи ҳуқуқи муаллифӣ истифода карда метавонанд.
- Ҳеҷ шахс ҳуқуқ надорад, ки воситаҳои ахбори оммаро ба нашри маводи радкардаи редаксияи он вазифадор намояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
- Дар вақти нашри маводи пешниҳодшуда ихтисор ва таҳрири матн равост, ба шарте ки мазмуни аслии он таҳриф нашавад.
- Нашри мавод аз дигар воситаҳои ахбори омма бо нишондоди ҳатмии сарчашмаи он ва бе таҳриф мумкин аст.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ
Моддаи 28. Ҳуқуқи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ барои эҷоди барномаҳо (филмҳо) ҳуқуқи муаллифӣ доранд, ҳамчунин ба онҳо тибқи қарордодҳои ба имзорасида ҳуқуқи муаллифӣ дода мешавад.
КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БОБИ 22. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ДАР СОҲАИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ
Моддаи 375. Риоя накардани ҳуқуқҳои истисноии соҳиби патент
- Барои ғайриқонунӣ тайёр кардан, татбиқ намудан, ворид кардан, нигоҳ доштан, ба фурўш пешниҳод кардан, фурўхтан ё ба таври дигар ба муомилоти хоҷагӣ дохил кардани моли дорои ихтирооти патентӣ, навъи фоидаовар ё намунаи саноатии дастовардҳои селексионӣ, инчунин ба кор бурдани усули бо патенти хурд ё патенти ихтироот ҳифзшаванда ё ба муомилоти хоҷагӣ дохил намудан ё барои ин мақсад нигоҳ доштани маҳсулоти бевосита бо тарзи патенти хурд ё патенти ихтироот тайёршуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.
- Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду бист то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 376. Ғайриқонунӣ тайёр намудан, ворид кардан, фурўхтан, ба кироя додан ва ба таври дигар истифода намудани нусхаи асарҳо ва фонограммаҳо
- Барои ғайриқонунӣ тайёр намудан, ворид кардан, фурўхтан, ба кироя додан ё ба таври дигари ғайриқонунӣ бо мақсадҳои тиҷоратӣ истифода бурдани нусхаи асарҳо ва фонограммаҳо, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, агар,
- нусхаи асарҳо ё фонограммаҳо қалбакӣ (контрафакт) бошанд;
- дар нусхаи асарҳо ё фонограммаҳо дар бораи истеҳсолкунандагон ва ҷойи истеҳсоли онҳо маълумоти нодуруст, инчунин дигар маълумот ки метавонад истеъмолкунандаро гумроҳ созад, зикр ёфта бошад;
- дар нусхаи асарҳо ё фонограммаҳо нишонаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ё нишонаи ҳифзи ҳуқуқи вобаста ба муаллифӣ нобуд карда ё тағйир дода шуда бошад,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.
- Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба шахсони мансабдор аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 377. Истифодаи ғайриқонунии номи фирмавӣ, ҳамчунин номи маҳалли истеҳсоли мол, тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонии ғайр нисбат ба мол ва хизматрасонии шабеҳ
- Барои истифодаи ғайриқонунии номи фирмавӣ, ҳамчунин номи маҳалли истеҳсоли мол, тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонии ғайр нисбат ба мол ва хизматрасонии шабеҳ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз сӣ то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то як саду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.
- Барои истифодаи ғайриқонунии тамғагузории огоҳкунанда нисбат ба номи маҳалли истеҳсоли мол ё тамғаи молие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз ҳафтод то сад, ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то як саду бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз як саду бист то як саду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 378. Саркашӣ аз пешниҳоди маълумоти зарурӣ ва ё пешниҳоди маълумоти нодуруст дар бораи даромадҳое, ки дар натиҷаи истифодаи объекти ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба даст омадаанд
- Барои саркашӣ аз пешниҳоди маълумоти зарурӣ ба мақомоти дахлдор ва ё пешниҳоди маълумоти нодуруст дар бораи даромадҳое, ки дар натиҷаи истифодаи объекти ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба даст омадаанд,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
- Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 379. Иҷро накардани ўҳдадории бақайдгирии шартнома оид ба истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ва гирифтани шаҳодатномаи намунаи мувофиқ
- Барои аз тарафи истифодакунандагони объекти ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он иҷро накардани ўҳдадориҳои дар қонунгузорӣ пешбинишудаи бақайдгирии шартномаҳо барои ба таври дахлдор истифода намудани объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ва гирифтани шаҳодатномаи намунаи мувофиқ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
- Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 380. Риоя ё иҷро накардани талаботи муқарраршуда ҳангоми бастани шартнома барои баромад кардан дар намоишҳои консертӣ ва театрӣ
- Барои аз тарафи соҳибони муассисаҳои намоишдиҳандаи намоишҳои консертӣ ва театрӣ риоя ё иҷро накардани талаботи муқарраршуда ҳангоми бастани шартнома барои баромад кардан дар намоишҳои консертӣ ва театрӣ бо гурўҳҳои эҷодӣ ва ташкилкунандагони консертҳо,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
- Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 381. Риоя накардани ҳуқуқи муаллиф барои гирифтани ҳаққи қалам
- Барои саркашӣ кардани истифодабарандаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он аз пардохти ҳаққи қалами муаллиф бобати воқеан истифода бурдани асар ё риоя накардани мўҳлати дар шартнома ё қонун муқарраршудаи пардохти ҳаққи қалам,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
- Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ ва ба шахсони мансабдор аз ҳафтод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 156. Вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он
1) Азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ), ҳамчунин ба ҳаммуаллифӣ маҷбур кардан, агар ин кирдорҳо ба муаллиф ё дигар соҳибҳуқуқ ба миқдори калон зарар расонида бошанд,
бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Истифодаи љайриқонунии объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ё ҳуқуқҳои вобаста ба он, ҳамчунин ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё фиристодани нусхаҳои љайриқонунии асар ё фонограммаҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, агар ин кирдорҳо ба миқдори калон зарар расонида бошанд,-
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешаванд.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурўҳи муташаккил;
б) бо расонидани зарар ба миқдори махсусан калон;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошанд,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нўҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
Эзоҳ: Дар моддаҳои 156 ва 156(1) Кодекси мазкур таҳти мафҳуми зарар ба миқдори калон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо панҷсад маротиба зиёд мебошад ва зарар ба миқдори махсусан калон чунин зараре ҳисобида мешавад, ки он аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёд мебошад.