ИНТИХОБОТИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад, дар он ҳеҷ гуна ҳадди ҳисоб (квота) муқаррар карда намешавад.
Иштирок дар интихобот озод ва ихтиёрӣ мебошад.
Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон камаш 75 рӯз пеш аз ба охир расидани ваколатҳои аъзои Маҷлиси Олии даъвати қаблӣ таъин мешавад. Интихоботи Маҷлиси миллӣ 25 рӯз баъд аз интихоботи Маҷлиси намояндагон баргузор мегардад. Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар асоси ҳуқуқи интихоботии бавосита бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад ва аз чор як ҳиссаи онро Президенти Тоҷикистон таъин мекунад.
Дар сурати пеш аз мӯҳлат парокандашавии Маҷлиси Олӣ дар мавридҳои пешбиникардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар на дертар аз 80 рӯзи баъди парокандашавӣ, интихоботро ба Маҷлиси Олӣ таъин менамояд.
Дар бораи рӯзи интихобот дар мӯҳлати се рӯз баъд аз таъини он тавассути матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма хабар дода мешавад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рӯзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва моликият ҳуқуқи интихоб карданро доранд.
Шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст, ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро надоранд.
Овоздиҳӣ барои интихоби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пинҳонӣ мебошад.
Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, маълумоти олӣ дорад.
Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд.
Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, соҳиби маълумоти олист.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳуқуқ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро дар давоми як моҳи баъди интихоби онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро узв ва вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раисони ин маҷлисҳо кори онро пеш мебарад.
Ҳизбҳои сиёсие, ки номзадҳои худро ба вакилӣ пешбарӣ намудаанд ва номзадҳое, ки ба вакилӣ ба тарзи худпешбарӣ пешниҳод шудаанд, бо тартиби муқарраргардида рӯйхати мушоҳидони (нозирони) миллиро барои бақайдгирӣ ба комиссияҳои ҳавзавии дахлдори интихобот пешниҳод менамоянд. Онҳо дар рӯзи баргузории интихобот дар биноҳои овоздиҳӣ рафти интихоботро мушоҳида менамоянд.
Бо мақсади мушоҳидаи интихобот, гузаронидани он дар шароити шаффофу ошкоро мушоҳидони (нозирони) байналмилалӣ даъват мешаванд.
Маблағ барои тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо мегардад.
Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон, ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихобот иштирок мекунанд, хазинаи интихоботии худро барои маблағгузории интихобот таъсис медиҳанд. Маблағҳои хазинаи интихоботии номзад ба вакилӣ ва ҳизби сиёсӣ дар суратҳисоби муваққатии махсуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", шӯъбаҳои он ҳифз мегарданд. Маблағҳои ин хазинаҳо танҳо барои гузаронидани интихобот истифода шуда, аз ҷониби номзад ва ҳизби сиёсӣ ихтиёрдорӣ карда мешаванд.
Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон комиссияҳои зерини интихобот ташкил карда мешаванд:
- Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ;
- комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон;
- комиссияҳои қитъавӣ (участкавӣ) оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон.
Комиссияҳои интихобот дар фаъолияти худ ба ҳеҷ мақоми давлатӣ вобаста нестанд.
Раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва бозхонд мекунад.
Комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон инҳо мебошанд:
1) комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ;
2) комиссияи ҳавзавии интихобот (Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ) оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот;
3) комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот.
Комиссияи қитъавии (участкавии) интихоботро оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихобот камаш 45 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати на кам аз 5 ва на зиёда аз 19 нафар, аз ҷумла раис, муовини раис, котиби комиссия ташкил мекунад. Дар мавридҳои зарурӣ ҳайати комиссияи участкавии интихобот дар доираи шумораи муқарраршуда каму зиёд шуда метавонад.
Барои интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ҳавзаҳои ҳудудии интихобот ташкил карда мешаванд.
Дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ панҷ ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ, аз ҷумла якҳавзагӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ як ҳавза ташкил карда мешаванд.
Барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон 41 ҳавзаи ҳудудии якмандатӣ ва барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, ки рӯйхаташон аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шудааст, як ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ташкил меёбад.
Ба рӯйхати интихобкунандагон ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот 18-сола шудаанду ҳангоми тартиб додани рӯйхат дар ҳудуди участкаи дахлдори интихобот ба таври доими ё муваққати истиқомат мекунанд ва ҳуқуқи интихоботи доранд, дохил карда мешаванд.
Интихобкунанда ба рӯйхати интихобкунандагони фақат як участкаи интихобот дохил карда мешавад.
Интихобкунандае, ки дар ҳудуди участкаи дахлдори интихобот истиқомат мекунаду бо ягон сабаб ба рӯйхат дохил нашудааст, бо қарори комиссияи участкавии интихобот ба он дохил карда мешавад.
Агар интихобкунанда дар давраи барои шиносоии умумӣ пешниҳод кардани рӯйхати интихобкунандагон ва то рӯзи интихобот имконият надошта бошад, ки дар маҳалли зисташ бошад (дар сафари хизматӣ, табобатгоҳ рафтан ва ҳамин гуна сабабҳои дигар), ҳуқуқ дорад бо пешниҳоди шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти вайро тасдиқ мекунад, аз комиссияи ҳавзавии интихобот бюллетени интихоботро талаб намояд, нисбати номзад иродаи худро изҳор кунад, лифофаи сарбастаро ба комиссияи интихобот супорад.
Вакили Маҷлиси намояндагон ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, таҳсилоти олӣ дорад ва забони давлатиро донад.
Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст:
- 65 фоизи вакилони Маҷлиси намояндагон (41 нафар) аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб карда мешаванд;
- 35 фоизи вакилони Маҷлиси намояндагон (22 нафар) аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мутаносибан ба шумораи овозҳое, ки ба рӯйхати номзадҳои аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳодгардида дода шудаанд, интихоб карда мешаванд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб ва таъин карда мешаванд.
Маҷлиси миллӣ иборат аст аз 25 нафар аъзо, ки онҳо дар асоси намояндагии манфиатҳои минтақавӣ интихоб мешаванд, аз президентҳои собиқ, агар онҳо аз ин ҳуқуқашон даст накашида бошанд ва 8 нафар аъзои дигар, ки онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ таъин мекунад.
Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ (25 нафар) дар асоси намояндагии манфиатҳои ҳудудҳо аз тарафи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихоб мешаванд. Аъзои мазкур бо шумораи баробар 5 нафари аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҳар як вилоят, шаҳри Душанбе ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӢ якҷоя интихоб мешаванд.
Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад.
Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро (8 нафар) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.
Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, соҳиби маълумоти олист ва забони давлатиро донад.
Аъзои Маҷлиси миллӣ, ки аз тарафи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихоб мешаванд, бояд дар ҳудуди ҳавзаҳои дахлдор истиқомати доимӣ дошта бошанд.
Барои пешбарӣ намудани номзадҳои вакилони Маҷлиси намояндагон ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин шаҳрвандон бо роҳи худпешбарӣ ҳуқуқ доранд.
Ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд шахсонеро ҳам, ки аъзои ҳизбҳои сиёсӣ нестанд, номзад пешниҳод кунанд.
Ҳизбҳои сиёсӣ ба шарте номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ карда метавонанд, ки агар онҳо ба тартиби муқарраркардаи қонун то рӯзи таъини интихобот дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошанд ва дар бораи сарчашмаи даромадашон ҳуҷҷат пешниҳод кунанд.
Ҳуқуқи пешбарии номзадҳоро ба аъзогии Маҷлиси миллӣ, маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо доранд.
Пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот 60 рӯз пеш аз интихобот, аз рӯи рӯйхати номзадҳо бошад, баъд аз таъини интихобот cap шуда, 45 рӯз пеш аз интихобот ба охир мерасад.
Пешбарии номзадҳои вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ аз тарафи мақомоти шаҳрӣ (ба истиснои мақоми ҳизбии шаҳри Душанбе), ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ дар пленумҳои (конференсияи) онҳо бо зикри ҳавзаи интихоботӣ, ки номзадашон пешбарӣ мешавад, сурат мегирад.
Пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ даҳ рӯз баъд аз интихоботи Маҷлиси намояндагон оғоз ёфта, 7 рӯз пеш аз интихоботи Маҷлиси миллӣ ба охир мерасад.
Номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо дар сурати мавҷуд будани кворум пешбарӣ карда мешаванд.
Номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот пеш аз бақайдгирӣ ва баъди аз тарафи комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот муайян намудани мувофиқати ӯ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни конститутсионии мазкур, аз маблағи шахсии худ ба суратҳисоби муваққатии махсуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ва шӯъбаҳои он ба миқдори 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо гарави интихоботӣ месупорад. Дар ин бора аз ҷониби бонки мазкур фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад.
Дар сурати ба даст овардани на кам аз 10 фоизи овозҳои интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии дахлдори дар овоздиҳӣ иштироккарда гарави интихоботӣ ба номзад баргардонида мешавад. Ҳангоми бекор кардани қарори пешбарии номзад аз тарафи ҳизби сиёсӣ, ё пас гирифтани номзадӣ аз ҷониби номзад, гарави интихоботӣ бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ мегузарад.
Ҳизбҳои сиёсие, ки рӯйхати номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод намудаанд, баъд аз санҷиши мувофиқ будани номзадҳо ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни конститутсионии мазкур аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, аз маблағи худ ба суратҳисоби муваққатии махсуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ва шӯъбаҳои он мутаносибан ба ҳар номзади пешниҳодшуда 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо гарави интихоботӣ месупоранд. Гарави интихоботӣ дар сурати аз тарафи ҳизби сиёсӣ гирифтани на камтар аз панҷ фоизи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккарда ба ҳизби сиёсӣ баргардонида мешавад. Дар ҳама ҳолатҳои дигар гарави интихоботии ҳизби сиёсӣ баргардонида нашуда, ба буҷети ҷумҳуриявӣ мегузарад.
Шаҳрвандони зерин ҳуқуқ надоранд номзад барои узвият дар Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бошанд:
- шаҳрвандоне, ки ба талаботи муқарраркардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни конститутсионии мазкур ҷавобгӯ нестанд;
- шаҳрвандоне, ки забони давлатиро намедонанд;
- шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ камтар аз 7 соли охир истиқомат доранд - барои номзад ба аъзои Маҷлиси миллӣ;
- шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ камтар аз 5 соли охир истиқомат доранд - барои номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон;
- шахсоне, ки шаҳрвандиашон қатъ гардидааст, ё шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб шудаанд;
- шаҳрвандоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст, ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ё бо қарори суд дар муассисаҳои табобати маҷбурӣ мебошанд;
- хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ, дигар қӯшуну сохторҳои ҳарбӣ, вазорату идораҳо, ки дар онҳо қонун хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- ходимони касбии иттиҳодияҳои динӣ ҳангоми дар вазифа буданашон;
- шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва махсусан вазнин суд шудаанд, новобаста аз гузаштани мӯҳлат ва бардошта шудани доғи судиашон;
- шаҳрвандоне, ки доғи судиашон бардошта нашудааст;
- шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, дигар ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва ё махсусан вазнин аз тарафи мақомоти таҳқиқу тафтишот гумонбар шудаанд, ё нисбати онҳо кофтуков эълон шудааст, ба истиснои иштироккунандагони муқовимати сиёсию низомӣ, ки шомили авф гардидаанд.
Шаҳрванд наметавонад дар як вақт узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бошад.
Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад дар як вақт вакили мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бошад.
Аъзои Маҷлиси миллӣ дар як вақт вакили зиёда аз ду мақоми намояндагии ҳокимият буда наметавонад.
Аъзои ҳукумат, судяҳо, Прокурори генералӣ, муовинони ӯ, прокурорҳо ва дигар шахсони мансабдори мақомоти прокуратура, муовинони вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони мақомоти идораи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, роҳбарони консернҳо, ширкатҳо, ассосиатсияҳо ва корпоратсияҳои давлатии ҷумҳуриявӣ ва муовинони онҳо, ҳамчунин роҳбарон ва шахсони мансабдори бонкҳо, дар як вақт аъзои Маҷлиси милли буда наметавонанд ва ба шарте номзад ба аъзогии Маҷлиси миллӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки дар аризаи худ аз хусуси баъди аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шудан аз вазифа рафтанашонро изҳор карда бошанд.
Номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки рӯйхати номзадҳоро пешниҳод намудаанд, ҳуқуқ доранд шахсони боэътимод дошта бошанд.
Бақайдгирии шахсони боэътимод дар муддати се рӯз аз тарафи комиссияи интихобот, ки номзадро (рӯйхати номзадҳоро) ба қайд гирифтааст, дар асоси аризаи хаттии номзад, пешниҳоди ҳизби сиёсӣ ва аризаи шаҳрванд барои розигиаш дар бораи шахси боэътимод шудан сурат мегирад. Комиссияи интихобот ба шахси боэътимод шаҳодатнома медиҳад.
Номзадҳо метавонанд то 5 нафар шахсони боэътимод ва ҳизбҳои сиёсие, ки рӯйхати номзадҳоро пешниҳод намудаанд, то 5 нафар шахсони боэътимод дошта бошанд. Аъзои комиссияҳои интихобот, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо, хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ наметавонанд шахсони боэътимод бошанд.
Давлат ба шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ дар давраи пеш аз интихобот бе мамониат ташвиқот бурданро мувофиқи қонуни конститутсионии мазкур таъмин менамояд .
Ба номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ барои истифодаи ахбори омма шароитҳои баробар кафолат дода мешавад.
Ташвиқоти пешазинтихобот аз рӯзи бақайдгирии номзад (рӯйхати номзадҳо) оғоз гардида, як шабонарӯз пеш аз интихобот қатъ мегардад.
Ҳар як номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи якмандата барои баромад аз тариқи радио ва телевизиони давлатӣ то 20 дақиқа, ҳар як ҳизби сиёсӣ то 40 дақиқа вақти эфири ройгон ҳуқуқ дорад.
Овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот аз соати 6:00 оғоз ёфта, то 20:00 давом меёбад.
Барои маълумоти бештар нигаред ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 10 декабри соли 1999 №856