ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ
Интихобот ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақиман бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати панҷ сол гузаронида мешавад
Интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия умумӣ аст.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд
Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд.
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт вакили беш аз ду мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ буда наметавонад.
Интихобкунандагон дар асоси ҳуқуқи баробар дар интихобот иштирок мекунанд ва ҳар кадоми онҳо як овоз доранд.
Вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи шаҳрвандон мустақиманан интихоб карда мешаванд.
Овоздиҳӣ дар интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ озодона ва пинҳонӣ мебошад.
Назорат ба изҳори иродаи интихобкунандагон манъ аст.
Комиссияҳои интихобот натиҷаи бақайдгирии номзадҳоро ба вакилӣ, шарҳи ҳоли номзадҳои бақайдгирифта, натиҷаи овозҳои гирифтаи ҳар номзад ва ҷамъбасти интихоботро ба маълумоти шаҳрвандон мерасонанд. Дар маҷлисҳои комиссияҳои интихобот, дар бинои овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот ва ҳангоми ҳисобкунии овозҳо як нафари намоянда (мушоҳид) аз ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро ба вакилӣ пешниҳод кардаанд, шахсони боэътимоди номзадҳои мустақил, намояндаҳои матбуот, телевизион ва радио ҳузур дошта метавонанд. Ваколатҳои онҳо бояд бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ гардад.
Ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро ба вакилӣ пешбарӣ кардаанд, дар бораи намояндагони худ камаш панҷ рӯз пеш аз интихобот ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот хабар медиҳанд.
Ба рафти овоздиҳӣ ва ба фаъолияти комиссияҳои интихобот дахолат кардани намояндагон ва мушоҳидон мумкин нест. Онҳо метавонанд бо иҷозати раиси комиссияи дахлдори интихобот савол диҳанд ва шарҳи онро талаб намоянд, диққати аъзоёни комиссия ва хозиронро ба роҳ ёфтани вайронкунии Қонуни конститутсионии мазкур ҷалб созанд
Воситаҳои ахбори омма рафти тайёрии интихобот ва гузаронидани он, инчунин қарорҳои комиссияҳои интихоботиро инъикос мекунанд.
Барои интихоботи вакилон миқдори зерини ҳавзаҳои ҳудудии интихобот ташкил карда мешаванд:
ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе - на бештар аз 70 ҳавзаи интихобот;
ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр, ноҳия - на бештар аз 40 ҳавзаи интихобот.
Аз ҳар ҳавзаи интихобот як вакил ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ интихоб карда мешавад.
Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботро, ки дар он ҳудуд ва шумораи интихобкунандагон зикр ёфтааст, комиссияи дахлдори интихобот на дертар аз 15 рӯзи баъди таъин гардидани интихобот чоп мекунад.
Участкаҳои интихобот одатан бо шумораи на камтар аз 20 нафар ва на бештар аз 3000 нафар интихобкунанда ташкил карда мешавад.
Бинои овоздиҳии ҳар участкаи интихоботро раиси шаҳру ноҳия муайян мекунад.
Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, комиссияҳои зерини интихобот таъсис дода мешаванд:
- комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят;
- комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;
- комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр;
- комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия;
- комиссияҳои ҳавзавии интихобот;
- комиссияҳои участкавии интихобот.
Роҳбарии умумӣ, назорати ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ бо пешниҳоди раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор на дертар аз рӯзи даҳуми баъди таъин гардидани интихобот дар ҳайати 7-13 аъзои комиссия ташкил менамоянд
Комиссияи ҳавзавии интихобот аз тарафи комиссияҳои дахлдори вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот бо пешниҳоди раиси вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор на дертар аз 55 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз 8 аъзо ташкил карда мешавад.
Комиссияи участкавии интихоботро комиссияи шаҳрӣ, ноҳиявии интихобот 45 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати 5-19 аъзо, аз ҷумла раис, муовини раис, котиб ташкил мекунад. Агар комиссия дар ҳайати 7 нафар ташкил шавад, раис ва котиб интихоб карда мешавад.
Дар сурати зарурат ҳайати аъзои комиссияи интихобот метавонад зиёд ва кам шавад.
Узви комиссияи интихобот ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис бошад, набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарғибу ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзад.
Як шахс метавонад узви танҳо як комиссияи интихобот бошад.
Ба рӯйхати интихобкунандагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ё дар рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, дар вақти тартиб додани рӯйхат дар ҳудуди ҳамон участкаи интихобот доимӣ ё муваққатан зиндагӣ мекунанд ва барои иштирок намудан дар овоздиҳӣ ҳуқуқ доранд, дохил карда мешаванд
Ба шаҳрвандон имконият дода мешавад, ки дар бинои комиссияи участкавии интихобот бо рӯйхати интихобкунандагон шинос шуда, дурустии тартиб дода шудани онро тафтиш намоянд.
Дар давраи баъди барои шиносоии умум пешниҳод намудани рӯйхати интихобкунандагон ва то рӯзи интихобот интихобкунандае, ки рӯзи интихобот имконияти дар ҷои истиқомат будан надорад (ҳангоми дар сафари хизматӣ будан, ба муассисаҳои табобатӣ рафтан ва дигар сабабҳо) ҳуқуқ дорад бо пешниҳоди шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташ аз комиссияи участкавии интихоботи маҳалли истиқоматаш варақаи интихобот талаб кунад, қарори қабулнамудаашро дар лифофаи сарбаста ба комиссияи участкавии интихобот супорад. Комиссияи участкавии интихобот дар ин хусус ба рӯйхати интихобкунандагон қайди дахлдор карда, таърихашро нишон медиҳад. Ба лифофаи накушода дар ҳузури интихобкунанда мӯҳр гузошта мешавад. Комиссияи участкавии интихобот барои нигоҳдории лифофа масъул аст.
Интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия одатан дар як вақт аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон камаш 75 рӯз пеш аз ба охир расидани мӯҳлати ваколати вакилон таъин мегардад.
Дар бораи рӯзи интихобот на дертар аз се рӯзи баъди таъин шудани он дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма хабар дода мешавад.
Барои пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ҳизбҳои сиёсии аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташуда ва ҳамчунин шаҳрвандон аз тариқи худпешбарӣ ҳуқуқ доранд. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд шахсонеро, ки узви ҳизби сиёсӣ нестанд, ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ номзад пешниҳод намоянд.
Пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилӣ 50 рӯз пеш аз интихобот оғоз ёфта, 35 рӯз то интихобот ба охир мерасад.
Пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо аз тарафи мақомоти шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ (конференсияҳо, пленумҳо) сурат мегирад.
Пешбарии номзадҳо ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрию ноҳиявӣ аз тарафи мақомоти дахлдори шаҳрию ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ (конференсияҳо, пленумҳо) сурат мегирад.
Аз мақомоти ҳизбҳои сиёсии шаҳрию ноҳиявӣ як номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба ҳар як ҳавзае, ки дар ҳудуди дахлдори шаҳр, ноҳия воқеъанд, пешбарӣ карда мешавад.
Тартиби номзадҳоро худи ҳизбҳои сиёсӣ муайян мекунанд.
Дар бораи пешбарии номзад ба вакилӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ протокол тартиб дода мешавад.
Дар бораи қарори қабулшуда ба номзад ба вакилӣ дар мӯҳлати ду рӯз хабар дода мешавад.
Дар ҳолати худпешбарӣ номзад ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе имзои 200 нафар ва номзад ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи шаҳр ва ноҳия имзои 100 нафар интихобкунандаро аз ҳавзаи дахлдори интихоботӣ якҷо бо ариза пешниҳод менамояд.
Ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо номзадии шахсе пешниҳод карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, забони давлатиро донад, дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор кор ва ё зиндагӣ кунад
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, прокурорҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовинони онҳо, роҳбарони сохторҳои худудии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар як вақт вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи дахлдор буда наметавонанд ва ба шарте ҳамчун номзад ба қайд гирифта мешаванд, ки дар аризаи худ ҳангоми вакил интихоб шудан аз вазифа рафтанашонро изҳор карда бошанд.
Ҳодимони касбии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ баъди истеъфо аз вазифаашон ба қайд гирифта мешаванд.
Шаҳрвандони зерин ҳуқуқи ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ номзад ба вакилӣ шуданро надоранд:
- шаҳрвандоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст, ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ё бо қарори суд дар муассисаҳои табобати маҷбурӣ мебошанд;
- хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қушуну сохторҳои ҳарбӣ, вазорату идораҳо, ки дар онҳо қонун хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шудаанд, новобаста аз гузаштани мӯҳлат ва бардошта шудани доғи судиашон;
- шаҳрвандоне, ки доғи судиашон бардошта нашудааст;
- шахсоне, ки шаҳрвандиашон қатъ гардидааст, ё шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб шудаанд;
- шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститусионӣ ва амнияти давлат ва дигар ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин ва ё махсусан вазнин аз тарафи мақомоти таҳқиқу тафтишот гумонбаршудаанд, ё нисбати онҳо кофтуков эълон карда шудааст, ба истиснои иштироккунандагони муковимати сиёсию низомӣ, ки нисбати онҳо авф татбиқ шудааст.
Бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ 35 рӯз пеш оғоз ёфта, 20 рӯз пеш аз интихобот ба охир мерасад.
Номзад ба вакилӣ ҳар вақт то интихобот номзадии худро пас гирифта, бо ариза дар ин бора ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот муроҷиат карда метавонад.
Номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят метавонад то се ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ то ду нафар шахси боэтимод дошта бошад, ки онҳо дар гузаронидани маъракаи интихоботӣ ба ӯ ёрӣ мерасонанд. Барои вакил интихоб шуданаш ташвиқот мебаранд, дар муносибат бо мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, интихобкунандагон ва комиссияҳои интихоботӣ манфиатҳои ӯро ҳимоя менамоянд.
Номзад ба вакилӣ шахсони боэътимодро ихтиёран муайян мекунад, дар бораи онҳо ба комиссияи ҳавзавии интихобот барои ба қайд гирифтанашон хабар медиҳад. Комиссияи интихобот баъди ба қайд гирифтани шахсони боэътимод ба онҳо шаҳодатнома медиҳад. Номзад ба вакилӣ ҳуқуқ дорад, ки шахсони боътимоди худро ҳар вақт то оғози интихобот иваз намояд. Шахси боэътимод наметавонад, ки узви ягон комиссияи ҳавзавии интихобот бошад. Шахсони боэътимод ҳангоми маҷлисҳои пешазинтихоботӣ бо ҳоҳиши номзадҳо ба вакилӣ метавонанд аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматиашон озод бошанд, ки дар ин ҳол музди миёнаи корашон аз ҳисоби маблағи барои интихобот ҷудокарда пардохта мешавад
Ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз рӯзи бақайдгирии номзад оғоз гардида, як шабонарӯз пеш аз овоздиҳӣ қатъ мегардад
Ташвиқот дар рӯзи интихобот манъ аст.
Номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баъди аз қайд гузаштан ҳуқуқ дорад бо тамоми намудҳои наклиёти давлатии мусофиркаш (ба истиснои такси) дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ ройгон сафар кунад. Номзад ба вакилӣ, ки берун аз ҳудуди ҳавзаи интихобот зиндагӣ мекунад, барои ба ҳавзаи интихобот сафар кардан ва аз он ҷо ба манзил баргаштан ҳамин гуна ҳуқуқ дорад.
Номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони ҳалқро, бе розигии комиссияи интихоботи дахлдори вилоят, шаҳр, ноҳия, ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷойи содир намудани ҷиноят.
Дар интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот аз соати 6 то соати 20 вақти маҳаллӣ гузаронида мешавад. Комиссияи участкавии интихобот вақту ҷойи овоздиҳиро ба интихобкунандагон 10 рӯз пеш аз интихобот хабар медиҳад. Дар участкаҳои интихобот, ки дар санаторияву хонаҳои истироҳат, беморхона, муолиҷагоҳҳои дигари доимӣ, ҳамчунин дар маҳалҳои дурдаст ва душворгузар ташкил карда шудаанд, комиссияи участкавии интихобот метавонад овоздиҳиро ҳар вақте, ки ҳамаи интихобкунандагони рӯйхатшуда овоз дода бошанд, тамомшуда эълон намояд.
Интихобкунанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холӣ дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзад, ки ба тарафдориаш овоз медиҳад, аломати ҷамъ "+" мегузорад. Дар мавриди зидди ҳамаи номзадҳо овоз додан интихобкунанда дар квадрати холии сатри "муқобили ҳамаи номзадҳо" аломати ҷамъ "+" мегузорад.
Он номзад ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ интихобгардида дониста мешавад, ки дар интихобот аз нисф зиёди овозҳои интихобкунандаҳои дар овоздиҳӣ ширкатварзидаро соҳиб шудааст.
Агар дар ҳавзаи интихоботӣ номзадии беш аз ду кас барои вакил шудан ба овоз монда шуда бошад ва ҳеҷ яке аз онҳо интихоб нагардида бошад, комиссияи ҳавзавии интихобот дар хусуси овоздиҳии такрорӣ дар ҳавза оид ба ду номзад ба вакилӣ, ки овозҳои бештар гирифтаанд, қарор қабул менамояд.
Агар ҳангоми овоздиҳии такрорӣ яке аз номзадҳо бо сабабе хориҷ шавад, овоздиҳӣ аз рӯи як номзад сурат мегирад. Зимнан, барои интихоб шудан ба номзад ба вакилӣ лозим аст, ки беш аз нисфи овозҳои шумораи интихобкунандагони дар овоздиҳӣ ширкатварзидаро гирад.
Агар дар ҳавзаи интихоботӣ номзадии на бештар аз ду кас барои вакил шудан ба овоз монда шуда бошад ва ҳеҷ яке аз онҳо интихоб нагардида бошад, ё интихобот дар ҳавзаи интихоботӣ барпонашуда ё беэътибор дониста шуда бошад ва ё овоздиҳии такрорӣ имкон надода бошад, ки вакили интихобшуда муайян гардад, комиссияи дахлдори интихобот ба комиссияи ҳавзавии интихобот супориш медиҳад, ки дар ҳавзаи интихобот интихоботи такрорӣ гузаронад. Дар ин ҳолат вай метавонад дар бораи зарурати гузаронидани интихоботи такрории комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот дар ҳайати нав қарор қабул намояд. Овоздиҳӣ дар ҳамон участкаҳои интихобот ва мувофиқи рӯйхатҳои интихобкунандагон, ки барои интихоботи асосӣ тартиб дода шуда буданд, гузаронида мешавад.
Интихоботи такрорӣ дар мӯҳлати на дертар аз ду моҳ баъд аз интихоботи асосӣ гузаронида мешавад.
Номзаде, ки дар рафти интихоботи асосӣ миқдори зарурии овозҳоро соҳиб нашудааст, наметавонад дар интихоботи такрорӣ дар ин ҳавза дубора чун номзад пешбарӣ шавад.
Маблағгузории ташкил ва гузаронидани интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ихтиёрӣ гузаронидани интихоботро маблағгузорӣ намоянд. Ин маблағ барои истифода дар ташкил ва гузаронидани интихобот комиссияҳои интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ қабул карда мешавад.