ИТТИЛООТ ВА ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ОН
Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст. (моддаи 23 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад. (моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).
- иттилоот - маълумот дар бораи шахc, ашё, воқеаҳо, падидаҳо ва ҷараёнҳо сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;
- фаъолияти иттилоотӣ - маҷмӯи амалиётест, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иттилоотии субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ равона гардидааст;
- соҳаҳои иттилоотӣ - маҷмӯи маълумоти эълоншуда оид ба соҳаҳои нисбатан мустақили ҳаёту фаъолияти ҷомеа ва давлат;
- иттилооти омории давлатӣ - иттилооти ҳуҷҷатии расмии давлатиест, ки ба воқеаҳо ва падидаҳои дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон рухдода тавсифоти миқдорӣ медиҳад;
- иттилооти оммавӣ - иттилоотест, ки ба таври оммавӣ тавассути нашрияҳо, воситаҳои сабти овоз ва видео паҳн карда мешавад;
- иттилооти ҳуқуқӣ - маҷмӯи маълумоти ҳуҷҷатӣ ё ба таври оммавӣ эълоншуда оид ба ҳуқуқ, системаи он, манбаъҳои татбиқ ва далелҳои ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, вайрон кардани ҳуқуқ ва мубориза бо он, пешгирии қонуншиканӣ ва ғайра;
- иттилоот оид ба шахсият - маҷмӯи маълумоти ҳуҷҷатӣ ё ба таври оммавӣ эълоншуда оид ба шахсият;
- иттилооти дорои хусусияти маълумотию энсиклопедӣ - маълумоти муназзам, ҳуҷҷатӣ ё маълумоти ба таври оммавӣ эълоншуда дар бораи ҳаёти ҷамъиятӣ, давлатӣ ва муҳити табиии зист;
- иттилооти ҳуҷҷатикунонида (аснод) - иттилооти дар манбаи моддии иттилоот қайдшуда бо маълумотҳое (реквизитҳое), ки барои ҳаммонандкунии он имкон медиҳанд;
- иттилооти мақомоти системаҳои давлатии идоракунӣ - иттилооти расмии ҳуҷҷатӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти ҷории ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ташкил карда мешавад;
- иттилооти иҷтимоишиносӣ - маълумоти сотсиологии ҳуҷҷатӣ, ё ба таври оммавӣ эълоншуда оид ба муносибатҳои шаҳрвандони алоҳида, ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ нисбат ба воқеа ва рӯйдодҳои ҷамъиятӣ, ҷараёнҳо ва далелҳо;
- иттилоот дар бораи шаҳрвандон (маълумоти шахсӣ) - маълумот дар бораи далелҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳои зиндагии шаҳрванд, ки ба ҳаммонандкунии шахсияти ӯ имкон медиҳад;
- иттилооти махфӣ - маълумоти дорои сирри давлатии дар моддаҳои 13-18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ" пешбинӣ гардида, ки ифшо ё гум кардани онҳо ба амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар мерасонад, ё расонида метавонад;
- иттилооти пинҳонӣ (конфиденсиалӣ) - маълумот дар соҳибӣ, истифода ё ихтиёрдории шахсони алоҳидаи воқеӣ ё ҳуқуқӣ қарордошта, ки метавонанд бо хоҳиши молик ба таркиби маълумоти давлатӣ дохил карда шаванд;
- санади ибтидоӣ - санадест, ки иттилооти аввалияро дар бар мегирад;
- санади дуюмдараҷа - санадест, ки натиҷаҳои коркарди таҳлилӣ ё коркарди як ё якчанд манбаи дигари иттилоотиро дар бар мегирад;
- ҷараёни иттилоотӣ - ҷараёни ҷамъоварӣ, коркард, захиракунонӣ, нигоҳдорӣ, ҷустуҷӯ ва паҳн намудани иттилоот;
- системаи иттилоотӣ - маҷмӯи асноди аз нигоҳи ташкилӣ танзимшуда, ҳаҷми аснод ва технологияи иттилоотӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникаи ҳисоббарор ва алоқа, ки ҷараёни иттилоотиро татбиқ месозанд;
- захираҳои иттилоотӣ - асноди алоҳида, ҳаҷми ҷудогонаи аснод ва ҳаҷми аснод дар системаҳои иттилоотӣ (китобхонаҳо, бойгониҳо, фондҳо, махзанҳои маълумот ва дигар системаҳои иттилоотӣ);
- маҳсулоти иттилоотӣ - натиҷаи моддии фаъолияти иттилоотӣ, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти иттилоотии шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилот пешбинӣ гардидааст;
- хизматрасонии иттилоотӣ - дар шакли муайяннамудаи Қонуни мазкур анҷом додани фаъолияти иттилоотӣ ҷиҳати расонидани маҳсулоти иттилоотӣ то истифодабарандагон бо мақсади қонеъгардонии эҳтиёҷоти иттилоотии онҳо;
- ҳуқуқи моликият ба иттилоот - муносибатҳои ҷамъиятии қонунан танзимшуда оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории иттилоот;
- молики захираҳои иттилоотӣ, системаҳои иттилоотӣ, технология ва воситаҳои таъмини онҳо - субъекте, ки объектҳои зикршударо соҳибӣ ва истифода намуда, ваколатҳои ихтиёрдории онҳоро дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ татбиқ менамояд;
- истифодабарандаи иттилоот - субъекте, ки ба системаи иттилоот ё ба миёнарав барои гирифтани маълумоти зарурӣ муроҷиат мекунад
- ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот - ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷӯстуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он аз мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар мақомоту ташкилотҳое, ки давлат ба онҳо ваколатҳои омирона додааст, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (минбаъд мақомот ва ташкилотҳо), шахсони мансабдори онҳо, ки ин иттилоотро қонунан соҳибанд;
- манфиатдории ҷамъият - манфиати ҳар шахс, ки ба таъмини некӯаҳволӣ, устуворӣ, амният ва пешрафти собитқадамонаи ҷомеа алоқаманд аст;
- ҳуҷҷат - иттилооте, ки дар шакли хаттӣ, аудиовизуалӣ, акустикӣ, электронӣ, оптикӣ ё дигар шакли барои эҳсоси бевосита муносиб бо маълумоте сабт шудааст, ки барои ҳамин шакли ҳуҷҷат муқаррар гардидааст;
- ҳуҷҷати расмӣ - ҳуҷҷате, ки мақомот, ташкилот, шахси мансабдор дар доираи салоҳияти худ тартиб додааст ва бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шудааст;
- иттилооти дастрасиаш маҳдуд - иттилооте, ки дастрасии он мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи сирри давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳоро дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ танзим мегардонанд, ба манфиати таъмини амнияти миллӣ маҳдуд карда шудааст;
Дастрасӣ ба иттилоот наметавонад маҳдуд карда шавад, агар он барои қонеъ гардонидан, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсоне зарур бошад, ки барои дастрас намудани иттилооти мазкур муроҷиат кардаанд, ба шарте, ки он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳо дар соҳаи сирри давлатӣ ба гурӯҳи иттилоотӣ дастрасиаш маҳдуд мансуб набошад.
Ба маҳдудкунии дастрасӣ ба иттилоот нисбати ҳуҷҷату иттилооти зерин роҳ дода намешавад:
а) қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман нашр гарданд;
б) дар бораи ҳолатҳои фавқулоддае (ҳодисот, фалокат, офатҳои табиӣ), ки ба бехатарӣ ва саломатии аҳолӣ таҳдид менамоянд, пешгӯиҳои расмии онҳо: иттилооти экологӣ, метеорологӣ, демографӣ, санитарию эпидемиологӣ ва иттилооти дигаре, ки барои таъмини бехатарии шаҳрвандон, маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои истеҳсолӣ ва ғайра зарур аст;
в) дар бораи имтиёзот, ҷуброн ва сабукиҳое, ки аз онҳо шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ташкилотҳо бархӯрдоранд;
г) дар бораи ҳолатҳои вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ;
д) дар бораи фаъолияти мақомоту ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо.
Принсипҳои асосии муносибатҳои иттилоотӣ таъмини ҳуқуқи дастрас кардани иттилоот инҳоянд:
- ҳуқуқи кафолатнок ба иттилоот;
- ошкоро ва дастрас будани иттилоот ва мубодилаи озоди он;
- ҳаққонӣ ва саҳеҳ будани иттилоот;
- мукаммалӣ, саривақтӣ ва дақиқ, будани иттилоот;
- қонунӣ будани гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилоот.
а) дастрас ва ошкоро будани иттилоот;
б) ҳаққоният ва мукаммалии иттилоот;
в) сари вақт пешниҳод кардани иттилоот;
г) ҳифзи ҳуқуқи дастрас намудани иттилоот, аз ҷумла аз тариқи суд;
д) ҷавобгарӣ барои риоя накардани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот;
е) риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони сеюм ҳангоми вогузоштани иттилоот;
ж) маҳдудияти ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро муқаррар намудани Қонун танҳо ба ҳадде, ки он барои ҳифзи асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини мудофиаи кишвар ва амнияти давлат, обрӯву эътибор ва беғаразии адолати судӣ, ахлоқ, сиҳатӣ, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарур мебошад.
Субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ инҳо мебошанд:
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шахсони ҳуқуқӣ;
- давлат.
Субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ ба имконияти озодона гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани маълумоте, ки ҷиҳати татбиқи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунӣ, анҷом додани мақсад ва вазифаҳои онҳо заруранд, ҳуқуқ доранд.
Татбиқи ҳуқуқ, ба иттилоот аз ҷониби субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ набояд ҳуқуқҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ, иқтиcодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, экологӣ ва дигар ҳуқуқҳо, озодӣ ва манфиатҳои қонунии дигар шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони ҳуқуқиро вайрон кунад ва ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар оварад.
Ба ҳар як шаҳрванд, ба иcтиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, озодона дастрас намудани иттилоот, ки шахсан ба ӯ дахл дорад, таъмин карда мешавад
Шаклҳои асосии фаъолияти иттилоотӣ инҳоянд:
- гирифтани иттилоот - ба даст овардан ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ намудани иттилоот дар бораи шахс, ашё, далелҳо, воқеаву падидаҳо ва љайра, сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;
- истифода намудани иттилоот - қонеъгардонии эҳтиёҷоти иттилоотии давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- паҳн кардани иттилоот - интишор ва мубодилаи иттилоот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳифз намудани иттилоот - таъмини ҳолати зарурии иттилоот, ифодакунандагони моддии он ва баҳисобгирии онҳо.
Намудҳои асосии иттилоот иборат аз:
- иттилооти оморӣ;
- иттилооти оммавӣ;
- иттилооти фаъолияти мақомоти давлатӣ;
- иттилооти ҳуқуқӣ;
- иттилоот оид ба шахсият;
- иттиллооти дорои хусусияти маълумотию энсиклопедӣ;
- иттилооти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, экологӣ, хизматӣ, истеъмолӣ, бойгонӣ, илмӣ, илмӣ-техникӣ ва ғайра.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дорои иттилооти пинҳонии касбӣ, корӣ, истеҳсолӣ, бонкӣ, тиҷоратӣ
Таҳти мафҳуми дархости иттилоотӣ (минбаъд дархост) дар хусуси дастрасӣ ба санадҳои расмӣ дар Қонуни мазкур муроҷиат бо талаботи фароҳам овардани имконияти шиносшавӣ бо санадҳои расмӣ дар назар дошта шудааст. Дархост метавонад инфиродӣ ё умумӣ бошад. Он дар шакли хаттӣ пешниҳод карда мешавад.
Шаҳрванд ҳуқуқ дорад ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намуда, пешниҳоди ҳама гуна санади расмиро, сарфи назар аз мансубияти ин ҳуҷҷат ба ӯ талаб намояд, ба истиснои ҳолатҳои маҳдудияти дастрасӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Таҳти мафҳуми фароҳам овардани иттилооти хаттӣ ё шифоҳӣ дар Қонуни мазкур муроҷиат ба талаби фароҳам овардани иттилооти хаттӣ ё шифоҳӣ оид ба фаъолияти мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони мансабдори он оид ба масъалаҳои алоҳида дар назар дошта шудааст.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, мақомоти давлатӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои шаҳрвандон (минбаъд - дархосткунанда) ба мақоми дахлдори қонунгузорӣ, иҷроия, ҳокимияти судӣ ва бойгонӣ, шахсони мансабдори онҳо дархост пешниҳод менамоянд.
Дар дархост насаб, ном, номи падари дархосткунанда, ҳуҷҷат, маълумоти хаттӣ, ё шифоҳие, ки ба ӯ зарур аст ва нишонии худ, ки ҷавобро мехоҳад ба даст орад, бояд зикр гардад.
Мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд оид ба иттилооти марбут ба фаъолияти онҳо ба таври хаттӣ, шифоҳӣ, тавассути телефон, ё бо истифодаи маърӯзаҳои оммавии шахсони мансабдори худ иттилоот пешниҳод намоянд.
Мӯҳлати барраcии дархост вобаста ба имконияти қонеъ намудани он набояд аз cӣ рӯзи тақвимӣ бештар бошад.
Дар мӯҳлати зикргардида муассисаи давлатӣ ба таври хаттӣ ба маълумоти дархосткунанда мерасонад, ки дархости ӯ қонеъ гардонида мешавад, ё санади дархостшавандаро наметавон барои шиносшавӣ дод.
Радди қонеъгардонии дархост ба маълумоти дархосткунанда дар шакли хаттӣ бо тавзеҳи тартиби шикоят намудан аз қарори қабулгардида расонида мешавад. Дар раддия бояд инҳо зикр гарданд:
1) шахси мансабдори муассиcаи давлатие, ки қонеъгардонии дархостро рад намудааст;
2) санаи раддия;
3) аcосноккунии раддия.
Ба таъхир андохтани қонеъгардонии дархост дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки агар санади дархостшавандаро дар мӯҳлати як моҳ барои ба шиносоӣ пешниҳод намудан имконнопазир бошад. Огоҳонӣ дар мавриди ба таъхир гузоштани дархост ба маълумоти дархосткунанда дар шакли хаттӣ ба тавзеҳи тартиби шикоят намудан аз қарори қабулгардида расонида мешавад. Дар ахбор дар хусуси ба таъхир андохтани иҷрои дархост ин ҳолатҳо бояд зикр гарданд:
1) шахси мансабдори муаcсисаи давлатие, ки қонеъгардонии дархостро дар мӯҳлати як моҳи муқарраргардида рад намудааст;
2) санаи ирсол ё додани ахбор дар бораи ба таъхир гузоштани дархост;
3) сабабҳое, ки вобаста ба он санади дархостшавандаро наметавон дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун дод;
4) мӯҳлате, ки дархост қонеъ гардонида хоҳад шуд. Раддия ё батаъхиргузории қонеъгардонии дархост оид ба додани иттилооти хаттӣ низ ба ҳамин тартиб сурат мегирад.
Дастрасӣ ба иттилоот бо тарзи зайл таъмин карда мешавад:
а) ҳатмӣ будани расонидани иттилоот ба маълумоти умум;
б) қонеъ гардонидани дархости шахсони ҷудогона ва дастаҷамъона ба иттилоот.
Тартиби ҳатман ба маълумоти умум расонидани иттилоот бо қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи онҳо қабулгардида муайян карда мешавад.
Мақомоту ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд дар ҳама ҳолат бо тамоми воситаҳои мавҷуда иттилооти ба онҳо маълумгардидаро дар бораи ҳолату вазъияте, ки ба амнияти ҷомеа, ҳаёт ва саломатии мардум таҳдид менамоянд, ба маълумоти умум бетаъхир расонанд.
Иттилоот ба самъи умум бо роҳи дар нашрияҳои махсус чоп кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ, ҷойгир намудани онҳо дар маъхазу манбаъҳои маълумоти дастраси доираи номаҳдуди ашхоси манфиатдор расонида мешавад.
Шахси манфиатдор метавонад иттилоотро аз рӯи дархост бо тарзҳои зайл дастрас намояд:
а) шинос шудан бо ҳуҷҷатҳои расмие, ки дорои иттилооти дархост шудаанд;
б) гирифтани нусхаи ҳуҷҷати дахлдор, ё иқтибос аз он; гирифтани маълумотномае, ки дорои иттилооти матлуб аст; шифоҳӣ воқиф гардидан аз мазмуни иттилооти дархостшаванда;
в) воқиф гардидан аз манбае, ки дар нашрияи расмӣ иттилооти дархостшударо чоп кардааст.
Аз иттилооти дархостшуда ҳамчунин ба тарзи шифоҳӣ воқиф гардидан ё онро хаттӣ, аз ҷумла бо истифодаи технологияҳои электронӣ пешниҳод кардан мумкин аст.
Иҷрои вазифаҳои ташкили дастрасӣ ба иттилоот дар сохтори мақомоту ташкилотҳо ба зиммаи хадамоту шӯъбаҳое, ки дар сохтори ин мақомоту ташкилотҳо мавҷуданд ва ҳамчунин ба зиммаи роҳбарони мушаххас гузошта мешавад.
Вазифаи бо иттилоот таъмин намудани шахсони дархосткунандаи иттилоот дар низомномаи мақомот ё ташкилоти дахлдоре, ки дар ҷараёни фаъолияти онҳо иттилооти мазкур ҳосил мегардад, сабт карда мешавад.
Ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва масъулияти хадамоту шӯъбаҳои махсус, шахсони мансабдоре, ки ин вазифаро ба ҷо меоваранд, бо низомномаҳои хадамоту шӯъбаҳои мазкур ва дастурамалҳои мансабие, ки бо тартиби маъмулӣ тасдиқ гардидаанд, муқаррар карда мешаванд.
Барои иҷрои вазифаҳои таъмини дастрасии иттилоот мақомот, ё ташкилоте, ки иттилооти мазкурро эҷод мекунанд, метавонанд ташкилотҳоеро, ки бо расонидани иттиллоот машғуланд, дар асоси шартнома бо салоҳдиди худ ҷалб намоянд.
Маълумоти ташкилотҳои мазкур (номи ташкилот, нишонии почта, рақами телефон, факс, нишонии почтаи электронӣ, нишонии шабака, минбаъд - маълумоти ташкилот) ба маълумоти шахси дархосткунандаи иттилоот расонида мешавад.
Қоидаҳои иҷрои дархост барои гирифтани иттилоот аз тарафи роҳбари мақомот, ё ташкилоти дахлдор муқаррар карда мешаванд.
Барои таъмини ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот аз системаи автоматиконидашудаи иттилоотии мақомоту ташкилотҳо ин мақомоту ташкилотҳо:
а) системаҳои мазкурро ба шабакаи алоқаи истифодаи умум пайваст менамоянд ва иттилоотро ба сервери расмии мақом (мақомот) ё ташкилот (ташкилотҳо) барои дастрасии номаҳдуди шаҳрвандон, мақомоту ташкилотҳои ба шабакаи мазкур пайвастшуда ҷойгир менамоянд;
б) дар ҷойҳои барои шаҳрвандон, мақомоту ташкилотҳо дастрас нуқтаҳои абонентие барпо мекунанд, ки ба шабакаҳои истифодаи умум пайваст карда шудаанд (дар бинои мақомоту ташкилотҳо, китобхонаҳои давлатӣ, шӯъбаҳои алоқа ва дар дигар ҷойҳои муайянкардаи қонунгузорӣ);
в) барои қабули дархост ва ирсоли иттилооти матлуб аз тариқи шабакаи алоқаи истифодаи умум нишонии почтаи электронӣ ҷудо мекунанд;
г) барои мазмун, ҳаққоният ва мукаммалии иттилооти сервери расмӣ масъулият доранд.
Агар иттилоот дар шакли электронӣ пешниҳод карда шавад, ҳаққонияти он бо имзои электронии рақамӣ ё худ бо усули дигари электронӣ мувофиқи тартиби маъмули қонунгузорӣ тасдиқ карда мешавад. Дар ҳуҷҷатҳое, ки тавассути компютер тартиб дода, аз тариқи каналҳои телекоммуникатсионӣ ирсол карда мешаванд, зикри тамоми маълумоти барои ҳуҷҷатҳои мазкур муқарраршуда ҳатмист.
Дархосткунандаи иттилоот ҳуқуқ дорад:
Мақомоту ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо ӯҳдадоранд:
а) барои амалӣ гардонидани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот шароити ташкилию техникӣ ва шароити дигари зарурӣ муҳайё намоянд;
б) ҳуҷҷатҳои расмии дорои иттилоотро, ки бояд мутобиқи Қонуни мазкур пешниҳод карда шаванд, дар мӯҳлати муқарраршуда нигоҳ доранд;
в) ҳаққоният ва мукаммалии иттилооти пешниҳодшаванда, риояи мӯҳлати муқарраршуда ва шартҳои пешниҳод кардани онро риоя намоянд;
г) тартиби нашри ҳуҷҷатҳои расмиро, ки дар шакли санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба табъ мерасанд, риоя кунанд;
д) санадҳои қабулкардаашон, санадҳоеро, ки вазъи ҳуқуқии онҳоро муайян менамоянд, санадҳои мақомоту ташкилотҳоеро, ки ворисони ҳуқуқии онҳо мебошанд ва ҳамчунин дигар ҳуҷҷатҳои расмиро дар давоми мӯҳлати муқарраршуда нигоҳ доранд.
Агар маълумоти иттилооти пешниҳодшуда ноаниқ ё номукаммал бошад, мақомот ё ташкилот ӯҳдадоранд аз рӯи аризаи хаттии далелноки дархосткунандаи иттилоот дар мӯҳлати кӯтоҳ, вале на дертар аз ҳафт рӯзи кории баъди гирифтани ариза, иттилооти пешниҳодшударо аниқ ё мукаммал намоянд.
Мақомоту ташкилотҳо вазифадоранд ҳуҷҷатҳои расмиро ба феҳрист ворид намоянд, ба маълумоти умум расонанд ва аз рӯи дархост пешниҳод кунанд.
Дар феҳрист бояд ном, санаи қабул, рақами гирифтани ҳар санади нашршаванда ва маълумот доир ба нашри он зикр шуда бошад. Мақомот ё ташкилоти пешбарандаи феҳрист метавонанд нисбати феҳристи мазкур дигар талаботи ҳатмӣ муқаррар намоянд.
Дархост ба мақомот, ташкилот ё шахсони мансабдоре, ки ба ақидаи талабгор, иттилооти барояш зарурӣ доранд, фиристода мешавад.
Дар дархост ному насаби шахсе, ки барои гирифтани иттилоот муроҷиат кардааст, номи ташкилоте, ки аз номи он дархост шудааст, ном ва насаби шахсе, ки ҷавоб бояд ба ӯ фиристода шавад, нишонии почта, рақами телефон ё факс, нишонии почтаи электронӣ барои ҷавоб ё аниқ кардани хусусияти дархост ва ҳамчунин шакл ва тарзи ҷавоби дархостшуда зикр карда мешаванд.
Ҷавоби дархост дар бораи гирифтани иттилоот дар мӯҳлати кӯтоҳтарин, вале на дертар аз сӣ рӯзи тақвимии баъди гирифтани дархост фиристода мешавад.
Агар дар мӯҳлати муқарраргардида пешниҳод кардани иттилооти дархостшуда имконнопазир бошад, ба дархосткунанда дар давоми ҳафт рӯзи кории баъди гирифтани дархост дар бораи ба дигар вақт монондани мӯҳлати ҷавоб огоҳинома фиристода мешавад.
Агар мақомот ё ташкилоти дархостномагирифта иттилооти дархостшударо надошта бошанд, бояд дар давоми ҳафт рӯз аз ин хусус ба дархосткунанда хабар диҳанд ва ҳамчунин аз рӯи имконият ба ӯ маълумоти мақомот, ташкилот ё шахсеро, ки дорои иттилооти дархостшуда мебошанд, пешниҳод намоянд ё худ маълумоти мақомот ё ташкилотеро, ки дархости мазкур ба онҳо фиристода шудааст, зикр кунанд.
Агар иттилооти дархостшуда дар нашрияи расмии дастраси умум ба табъ расида бошад, иҷрокунандаи дархост метавонад танҳо маълумоти нашрияи мазкур ва таърихи чопи иттилоотро зикр намояд.
Ҷавоби дархост бояд маълумоти мақомот ё ташкилот ва иҷрокунандаи дархостро дар бар гирифта бошад.
Иттилоотро бе маслиҳати дархосткунандаи иттилоот ба ҷои хаттӣ шифоҳӣ пешниҳод кардан мумкин нест. Дар ин маврид сабабҳои ба ин ё он шакл пешниҳод намудани иттилоот бояд зикр карда шаванд.
Агар маълумотномаҳо доир ба ин ҳуҷҷат ё иқтибосҳо аз ҳуҷҷати дархостшаванда дорои иттилооти кофӣ бошанд ва агар муқаррар намудани тартиби дастрасии маҳдуди иттилоот зарур бошад, пешниҳод кардани онҳо раво аст.
Дархостномаҳо (аз ҷумла дархостҳои шифоҳӣ), ҳамчунин ҷавоби онҳо бояд дар маҳалли дарёфти ин дархостҳо ҳатман қайд карда шаванд.
Шахсоне, ки ба гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ эҳтиёҷманд (кӯдакон, маъюбон, нафақахӯрон, шахсоне, ки расман бекор эътироф шудаанд) мансубанд, мутобиқи қонунгузорӣ, бо шарти доштани ҳуҷҷатҳои дахлдори далелнок, аз пардохти музди хизматрасонии иттилооти пешниҳодшуда озод карда мешаванд.
Рӯйхати гурӯҳи шахсонеро, ки барояшон иттилоот ройгон пешниҳод карда мешавад, мақомоту ташкилотҳое, ки иттилооти мазкурро пешниҳод менамоянд, метавонанд бо салоҳдиди худ пурра кунанд.
Барои пешниҳод кардани иттилоот мумкин аст музде ситонида шавад, ки он аз арзиши аслии хизматрасонии ба пешниҳоди иттилоот алоқаманд набояд зиёд бошад.
Дар бораи саркашӣ аз пешниҳоди иттилоот, беасос ба таъхир андохтан ё дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод накарданн иттилоот, ҳамчунин дигар тарзҳои риоя нашудани тартиби баррасӣ ва қонеъ гардонидани дархост ба роҳбарони мақомоти болоии дахлдор, ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Шахсоне, ки дастрасӣ ба иттилоотро барояшон ғайриқонунӣ манъ кардаанд ва ҳамчунин шахсоне, ки иттилооти ноҳақ, номукаммал ё худ онро дер аз мӯҳлат гирифтаанд, барои ҷуброни зарари маънавиашон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқ доранд.
Барои маълумоти бештар нигаред ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоот” ва “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”