ҲУҚУҚ БА МУТТАҲИДШАВӢ ДАР ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 28 муқаррар намудааст, ки “Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.”
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, таъсис додан, фаъолият намудан, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро қонун ба танзим медарорад.
Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ ҳуқуқи дар асоси ихтиёрӣ бо мақсади ҳифзи манфиатҳои умумӣ ва ноил гардидан ба мақсадҳои умумӣ таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шомил шудан ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии мавҷуда ё худдорӣ кардан аз шомилшавӣ ба онҳо, инчунин аз ин иттиҳодияҳо бе мамониат баромаданро дар бар мегирад.
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд мустақилона, бе иҷозати пешакии мақомоти давлатӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд, инчунин ба ин гуна иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо шарти риоя кардани меъёрҳои оинномавии онҳо дохил шаванд.
Иттиҳодияи ҷамъиятӣ - иттиҳоди ихтиёрӣ, худидора ва ғайритиҷоратии шаҳрвандон мебошад, ки дар асоси умумияти манфиатҳо барои амалӣ намудани мақсадҳое муттаҳид гардидаанд, ки дар оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ нишон дода шудаанд.
Муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ - иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошанд, ки анҷуман, конференсия, маҷлиси умумӣ ё маҷлиси таъсисиро даъват кардаанд ва дар он оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ қабул карда шуда, мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтишии он ташкил карда шудааст. Муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқ ва вазифаҳои баробар доранд.
Аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ шахсони воқеие мебошанд, ки ҳавасмандии онҳо барои иҷрои якҷояи вазифаҳои ин иттиҳодия мувофиқи меъёрҳои оинномаи он бо аризаи шахсӣ ё ҳуҷҷатҳои дахлдор ба расмият дароварда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки шумораи аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба ҳисоб гирифта шавад. Аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқ ва вазифаҳои баробар доранд.
Аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд ба мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтишии ин иттиҳодия интихоб кунанд ва интихоб шаванд, инчунин фаъолияти мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятиро мувофиқи оинномаи он назорат намоянд.
Аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ мувофиқи талаботи меъёрҳои оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқу вазифаҳо доранд ва дар сурати риоя накардани талаботи пешбининамудаи оиннома аз иттиҳодияи ҷамъиятӣ метавонанд хориҷ карда шаванд.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар шаклҳои ташкилию ҳуқуқии зерин метавонанд таъсис дода шаванд:
- ташкилоти ҷамъиятӣ;
- ҳаракати ҷамъиятӣ;
- мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ.
Ташкилоти ҷамъиятӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки чун қоида, дар асоси узвият таъсис ёфта, барои фаъолияти якҷояи шаҳрвандони муттаҳидшуда ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои умумӣ ва ба даст овардани мақсадҳои оинномавӣ таъсис дода шудааст.
Мақомоти олии роҳбарикунандаи ташкилоти ҷамъиятӣ анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ мебошад. Мақомоти роҳбарикунандаи ташкилоти ҷамъиятӣ мақомоти интихобии дастаҷамъӣ мебошад, ки он ба анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ ҳисоботдиҳанда аст.
Ҳаракати ҷамъиятӣ иттиҳодияи ҷамъиятии оммавӣ мебошад, ки аз иштирокчиён иборат буда, узвият надорад, амалӣ намудани мақсадҳои иҷтимоӣ ва дигар мақсадҳои ҷамъиятии муфидро дорад, ки онҳоро иштирокчиёни ҳаракати ҷамъиятӣ дастгирӣ менамоянд.
Мақомоти олии роҳбарикунандаи ҳаракати ҷамъиятӣ анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ мебошад. Мақомоти роҳбарикунандаи ҳаракати ҷамъиятӣ мақомоти машваратии интихобӣ мебошад, ки на камтар аз даҳ нафар иборат буда, ба анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ ҳисоботдиҳанда аст.
Дар сурати ба қайди давлатӣ гирифта шудани ҳаракати ҷамъиятӣ мақомоти роҳбарикунандаи он ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро аз номи ҳаракати ҷамъиятӣ амалӣ менамояд ва вазифаҳои онро мувофиқи оиннома иҷро мекунад.
Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ иттиҳодияи ҷамъиятии беузвият ва ғайрирасмӣ буда, тартиби таъсис ва фаъолияти онро қонун ба танзим медарорад.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои, шӯроҳои) иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъсис диҳанд. Ба чунин иттифоқҳо (ассотсиатсияҳо, шӯроҳо) шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ҳуқуқи шомил шуданро доранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таъсис ёфта, амал мекунанд.
Иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳудуди як ё якчанд давлатҳои хориҷӣ фаъолият намуда, намояндагӣ ва филиали худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як ё якчанд давлатҳои хориҷӣ дорад ё мақсад дорад мувофиқи оиннома ин воҳидҳоро дошта бошад.
Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки фаъолияти худро мувофиқи мақсадҳои оинномавӣ метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд, намояндагиҳо ва филиалҳо дошта бошад.
Иттиҳодияи ҷамъиятии маҳаллӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки мувофиқи мақсадҳои оинномавиаш дар ҳудуди воҳиди марзию маъмурии вилоят, шаҳр ва ноҳия фаъолият мекунад.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ метавонанд дар номи худ калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Тоҷикистон"-ро бе иҷозати махсуси мақоми давлатии салоҳиятнок ва бе супоридани ҳама гуна пардохтҳо истифода намоянд.
Фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба принсипҳои ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ, худидоракунӣ ва қонуният асос меёбад. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар муайян кардани сохтори дохилӣ, мақсад, шакл ва тарзу усулҳои фаъолияти худ озод мебошад.
Фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ошкоро буда, маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва барномавии он бояд дастраси омма бошад.
Сохтор ва фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ба меъёрҳои демократӣ мувофиқ бошанд. Фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ набояд ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст, вайрон ва ё маҳдуд намояд.
Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунад ва ё барои зӯран сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамояд, манъ аст.
Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятие, ки ба ҳукуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ба саломатии одамон ва ба ахлоқи ҷамъиятӣ суиқасд мекунад, манъ аст.
Дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин дахолати иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо манъ аст.
Давлат риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъмин мекунад, ба онҳо додани имтиёзҳо ва афзалиятҳои андозсупорӣ ва дигар имтиёзҳоро ба тариқи қонунгузорӣ танзим менамояд.
Ба кормандони кирояи дастгоҳи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ паҳн мегардад.
Иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо ташаббуси муассисони он - на камтар аз се нафар шахси воқеӣ таъсис дода мешавад.
Муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар қатори шахсони воқеӣ шахсони ҳуқуқӣ - иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ шуда метавонанд.
Қарорҳо дар бораи таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ, дар бораи тасдиқ кардани оинномаи он ва дар бораи ташкили мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтиш дар анҷуман, конференсия, маҷлиси умумӣ ё маҷлиси таъсисӣ кабул карда мешаванд. Аз вақти қабули қарорҳои мазкур иттиҳодияи ҷамъиятӣ таъсисёфта ҳисобида мешавад. Муассисоне, ки иттиҳодияи ҷамъиятиро ба сифати шахси ҳуқуқӣ таъсис медиҳанд, ӯҳдадоранд дар мӯҳлати як моҳи баъди таъсисдиҳӣ ҳуҷҷатҳои таъсисиро барои бақайдгирии давлатӣ ба мақомоти бақайдгиранда пешниҳод намоянд.
Иттиҳодияи ҷамъиятӣ аз вақти бақайдгирии давлатӣ ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро пайдо мекунад.
Шаҳрвандоне, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд, муассис, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шуда метавонанд.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муассис, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шуда метавонанд, ба шарте ки ҷои доимии зисти онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ё гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошанд. Ҳолатҳои маҳдуд кардани ин ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии зътирофкардаи Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
Шаҳрвандоне, ки ба синни 14-солагӣ расидаанд, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон шуда метавонанд.
Шаҳрвандоне, ки ба синни 8-солагӣ расидаанд, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятии кӯдакон шуда метавонанд.
Танҳо шаҳрвандони ба балоғатрасида, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунанд, роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин аъзои мақомоти назорату тафтишии онҳо шуда метавонанд.
Шарт ва тартиби пайдо кардани узвият, гум кардани узвият, инчунин шартҳои баромадан аз сафи аъзои иттиҳодияҳои ҷамъиятиро аз рӯи синнусол оинномаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии дахлдор муайян мекунанд.
Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ талаби нишон додани узвият, ё иштирок дар ин ё он иттиҳодияи ҷамъиятӣ манъ аст. Мансубияти шаҳрвандон ба иттиҳодияи ҷамъиятӣ асоси маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои онҳо ва шарти аз тарафи давлат ба онҳо додани ягон имтиёз ё бартарият шуда наметавонад.
Оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд инҳоро пешбинӣ намояд:
- ном, мақсади иттиҳодияи ҷамъиятӣ, шакли ташкилию ҳуқуқии он;
- сохтори иттиҳодияи ҷамъиятӣ, мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтиши иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳудуди фаъолияти ҳамин иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
- шартҳо ва тартиби пайдо ва гум кардани узвият дар иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзои ин иттиҳодия (танҳо барои иттиҳодияҳое, ки узвиятро пешбинӣ менамоянд);
- салоҳият ва тартиби ташкили мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ, мӯҳлат ва ваколати онҳо, маҳалли ҷойгиршавии мақомоти доимии роҳбарикунанда;
- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
- сарчашмаҳои ташаккули маблағҳо ва дигар молу мулки иттиҳодияи ҷамьиятӣ, ҳуқуқи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва намояндагиву филиалҳои он оид ба идоракунии амвол;
- тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ.
Оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ тасвири рамзи ин иттиҳодияро дошта метавонад.
Дар оиннома метавонанд дигар муқаррароти марбут ба фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки ба қонунҳо мухолифат намекунанд, пешбинӣ карда шаванд.
Номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ, парчам, нишон, вимпелҳо ва дигар рамзҳо, агар онҳо бошанд, аз ном ва рамзҳои дигар шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла онҳое, ки бо қарори суд барҳам дода шудаанд ва ё фаъолияти худро қатъ кардаанд, бояд фарқ кунанд.
Рамзи иттиҳодияи ҷамъиятӣ набояд ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба рамзҳои давлатҳои хориҷӣ монанд бошад ва ҳуқуқи моликияти зеҳниро вайрон намояд. Истифодаи тасвири нишони давлатӣ дар мӯҳр ва бланкаҳои фирмавии иттиҳодияи ҷамъиятӣ манъ аст.
Номи расмии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ба шакли он ва ҳудуди фаъолияти он ишора дошта бошад.
Дар номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ истифода кардани номи мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ҳизбҳои сиёсии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, инчунин ҳизбҳои сиёсие, ки фаъолияти онҳо бо тартиби судӣ барҳам дода шудаанд ё бо тартиби худбарҳамдиҳӣ фаъолияташонро қатъ кардаанд, мумкин нест.
Барои ба даст овардани ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
Бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо (минъбад - мақомоти бақайдгиранда) анҷом медиҳанд.
Барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо қарори анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ мувофиқи оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ё бо қарори суд тибқи тартиби пешбиникардаи Қонуни мазкур анҷом дода мешавад.
Молу мулке, ки дар натиҷаи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ боқӣ мемонад, баъди қонеъ гардонидани талаботи кредиторон барои мақсадҳои пешбиникардаи оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ равона карда мешавад.
Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ба он тобеъ амалӣ менамоянд.
Мақомоти бақайдгиранда мувофиқати фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба мақсадҳои оинномавии онҳо назорат мекунад. Тартиби санҷиши фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Барои маълумоти бештар нигаред ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”