ҲУҚУҚИ ЗАНОН ВА ШАХСОНИ УҲДАДОРИИ ОИЛАВИДОШТА БА МЕҲНАТ
Ба занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд, давомнокии вақти кории кӯтоҳкардашуда муқаррар мегардад.
То ба итмом расидани 11 моҳи корӣ корфармо уҳдадор аст бо хоҳиши корманд ба ӯ дар ҳолати зерин рухсатии меҳнатӣ пешниҳод намояд:
- ба занон пеш аз рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ё баъд аз он;
- ба занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки дар тарбияи худ ду ва ё зиёда кӯдаки синни то чордаҳ ё кӯдаки маъюби синни то ҳаждаҳ доранд;
Ба зани (шавҳари) хизматчии ҳарбӣ бо хоҳиши онҳо рухсатии меҳнатӣ дар як вақт бо рухсатии шавҳари (зани) ӯ дода мешавад.
Дар давраи тобистон ва дигар вақти мувофиқ ба занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки ду ва ё зиёда кӯдаки синни то чордаҳ ё кӯдаки маъюби то синни ҳаждаҳ доранд рухсатӣ дода мешавад.
Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бо зани ҳомила, занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки дар тарбияи худ кӯдаки то се сола ё кӯдаки маъюб доранд, роҳ дода намешавад,
Агар зан дар рӯзи ба итмом расидани муҳлати шартномаи меҳнатӣ дар хусуси зиёда аз дувоздаҳ ҳафта ҳомиладор буданаш хулосаи тиббӣ пешниҳод намояд, корфармо уҳдадор аст муҳлати шартномаи меҳнатиро то рӯзи ба итмом расидани рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак то ба се солагӣ расидан дароз кунад.
Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон манъ аст.
Рӯйхати корҳоеро, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳоеро, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо иҷозат дода мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Корфармо ҳуқуқ надорад занони ҳомиларо ба кори шабона, кор дар рӯзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ, изофакорӣ ҷалб намояд, ба сафари хизматӣ фиристонад, инчунин онҳоро аз рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда бозхонд намояд.
Корфармо ҳуқуқ надорад заноне, ки кӯдаки то синни чордаҳ доранд, инчунин дигар шахсоне, ки кӯдаки то синни чордаҳро бе модар тарбия мекунанд, бе розигии хаттии онҳо ба кори шабона, изофакорӣ ва ба кор бо усули вахтавӣ ҷалб намояд, инчунин ба сафари хизматӣ фиристонад
Ба ғайр аз танаффус барои истироҳат ва истеъмоли хӯрок, танаффусҳои байнибастӣ ва махсус, ба занон, ки кӯдаки то яксолу шашмоҳа доранд, падар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак, ки кӯдаки то яксолу шашмоҳаро бе модар тарбия мекунанд, барои ғизо додани кӯдак баъди ҳар се соати кор бо давомнокии зерин танаффус дода мешавад:
- барои як кӯдак - ҳар як танаффус на кам аз 30 дақиқа;
- барои ду ё зиёда кӯдак - ҳар як танаффус на кам аз 1 соат.
Танаффус барои ғизодиҳии кӯдак (кӯдакон) дар асоси аризаи кормандони дар қисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда, ба танаффус барои истироҳат ва истеъмоли хӯрок ҳамроҳ карда мешавад, ё ин ки дар шакли ҷамъшуда дар аввал ё дар охири рӯзи (басти) корӣ бо ихтисори дахлдори вақти корӣ дода мешавад.
Танаффус барои ғизодиҳии кӯдак (кӯдакон) ба вақти корӣ дохил карда мешавад ва дар ин давра музди миёнаи меҳнати зан ё дигар намояндаи қонунии кӯдак нигоҳ дошта мешавад.
Корфармо уҳдадор аст, дар асоси аризаи зани ҳомила ва дигар шахсони уҳдадориҳои оилавӣ дошта, ки кӯдаки то чордаҳсола ё кӯдаки маъюбро нигоҳубин мекунанд, инчунин ба корманде, ки нигоҳубини аъзои бемори оиларо мутобиқи хулосаи тиббӣ амалӣ менамояд, реҷаи вақти рӯзи нопурраи корӣ ё ҳафтаи нопурраи корӣ муқаррар намояд.
Истифодаи ҷамъи ҳисоби вақти корӣ барои занони ҳомила иҷозат дода намешавад, агар давомнокии рӯзи корӣ (басти корӣ) аз ҳашт соат зиёд бошад.
Корфармо дар асоси хулосаи тиббӣ уҳдадор аст, зани ҳомиларо бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат ба дигар кор гузаронида, таъсири омилҳои истеҳсолии зарарнок ва хавфнокро истисно намояд.
То додани кори дигар ба зани ҳомила, ки таъсири омилҳои истеҳсолии номусоидро истисно менамояд, ӯ аз кор бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат барои ҳамаи рӯзҳои кории гузаронидашуда аз ҳисоби корфармо озод карда мешавад.
Занони кӯдаконашон то як солу шашмоҳа дар ҳолатҳое, ки иҷрои кори онҳо барои модарони кӯдакашон ширмак манъ аст, ё ба риояи низоми ширмаконӣ имкон намедиҳад, то ба синни як солу шашмоҳа расидани кӯдакашон ба кори дигар гузаронида шуда, моҳонаи миёнаашон аз рӯи кори пештараи онҳо дода мешавад.
Пеш аз рухсатӣ барои ҳомила ва таваллуд ё бевосита баъд аз он ё баъд аз тамом шудани рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак бо хоҳиши зан, новобаста аз собиқаи корӣ дар ташкилоти мазкур рухсатии ҳарсолаи меҳнатии пардохтшаванда дода мешавад.
Ба заноне, ки ду ё зиёда фарзанди то чордаҳсола ё фарзанди маъюб доранд, инчунин ба модарони яккаву танҳо ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки фарзанди то чордаҳсола ё фарзанди маъюб доранд, рухсатии ҳарсола бо хоҳиши онҳо дар фасли тобистон ё дигар вақти барояшон мувофиқ дода мешавад.
Ба занони ҳомила дар асоси варақаи корношоямии бо тартиби муқарраргардида додашуда пеш аз таваллуд ҳафтод рӯзи тақвимӣ ва баъд аз таваллуд низ ҳафтод (дар ҳолати таваллуди мушкил ҳаштоду шаш, таваллуди ду ва ё зиёдаи кӯдак - яксаду даҳ) рӯзи тақвимӣ рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дода, кӯмакпулӣ аз ҳисоби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохт карда мешавад.
Ба занон рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, новобаста аз рӯзҳои истифодаи воқеӣ то таваллуд ва давомияти кор дар ташкилот дар маҷмӯъ пурра ҳисоб карда, дода мешавад.
Баъд аз ба охир расидани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд бо хоҳиши зан барои нигоҳубини кӯдак то ба як солу шашмоҳагӣ расидани у рухсатӣ дода, дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кумакпулӣ дода мешавад.
Барои нигоҳубини кӯдак то ба се солагӣ расидани ӯ рухсатии бемузд бо хоҳиши кормандони зерин дода мешавад:
- бо интихоби падару модар - ба модар ё ки ба падари кӯдак;
- ба падар ё модари танҳое, ки кӯдакро тарбия менамояд;
- бибӣ, бобо, дигар намояндаи қонунии кӯдак, ки кӯдаки бепарастории падару модар мондаро, тарбия мекунанд;
- ба корманд, ки кӯдаки навтаваллудшударо ба парасторӣ (фарзандхондӣ) гирифтааст.
Рухсатии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳубини кӯдак то расидан ба се солагӣ метавонад пурра ё қисман дар асоси аризаи хаттии корманд, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, аз рӯи интихоби ӯ истифода карда шавад.
Бо хоҳиши зан ё шахсоне, ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр шудаанд, ҳангоми дар рухсатии нигоҳубини кӯдак будан, онҳо метавонанд рӯзи нопурраи корӣ ё дар хона кор карда, аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кӯмакпулӣ гиранд.
Дар вақти рухсатии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳубини кӯдак то расидани ӯ ба се солагӣ ба корманд ҷойи кор (мансаб) нигоҳ дошта мешавад.
Вақти рухсатии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳубини кӯдак то расидан ба сесолагӣ ба собиқаи меҳнатии умумӣ, бетанаффус ва аз рӯи ихтисос дохил карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.
Корманд уҳдадор аст, як моҳ пеш аз оғози кор корфарморо дар бораи хоҳиши ба кор баромадан то тамом шудани рухсатии бемузд барои нигоҳубини кӯдаки то се сола огоҳ намояд.
Ба кор қабул накардани занон ва кам кардани музди меҳнати онҳо ба сабаби ҳомиладорӣ ё фарзанддорӣ манъ аст. Ҳангоми ба кор қабул накардани зани ҳомила, занон ё дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки кӯдаки то сесола ё кӯдаки маъюб доранд, корфармо уҳдадор аст, ки сабабҳои ба кор қабул накарданашро хаттӣ хабар диҳад. Шахсони мазкур метавонанд аз саркашии корфармо барои қабул кардан ба кор ба суд муроҷиат намоянд.
Корфармо уҳдадор аст, занонеро, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади бо кор таъмин кардани онҳо мефиристад, аз ҳисоби квотаи муқарраршуда ба кор қабул намояд.
Кафолат ва имтиёзҳои зани кӯдакдор ба падароне, ки кӯдакро бе модар тарбия мекунанд (дар ҳолати фавти модар, аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум шудан, дуру дароз дар муассисаи табобатӣ будан ва дар дигар ҳолатҳои кӯдакро парасторӣ карда натавонистани модар), инчунин ба васии (парастори) ноболиғон татбиқ мешаванд.
Дар ду (якчанд) ҷой кор кардани шахсони синнашон то ҳаждаҳ, занони ҳомила, инчунин дар корҳои шароити меҳнати зарарнок дошта, агар кори асосӣ низ ҳамин гуна шароитҳоро дошта бошад, манъ аст.
Занони ҳомиладор ба корҳои бо усули вахтавӣ иҷрошаванда иҷозат дода намешаванд.
Барои маълумоти бештар нигаред ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 июли соли 2016 № 1329