ХИЗМАТРАСОНИҲОИ РОЙГОНИ ИҶТИМОӢ
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. (Моддаи 1 Конститутсияи ҶТ).
Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад. (Моддаи 35 Конститутсияи ҶТ).
Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад. (Моддаи 39 Конститутсияи ҶТ).
Шахсони истифодабарандаи хизматрасонии иҷтимоии ройгон инҳо ба шумор мераванд:
- маъюбон;
- кӯдакони маъюб ва оилаҳои онҳо;
- шахсони пиронсол, ки қобилияти худхизматрасониро қисман ё пурра гум кардаанд, шахсоне, ки яккаю танҳо зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла зану шавҳари танҳо;
- ноболиғоне, ки дар муҳити иҷтимоии хатарнок қарор доранд;
- шахсоне, ки бесаробон мондаанд ва манбаи даромад надоранд;
- шахсоне, ки ҷойи истиқомати муайян надоранд;
- шахсоне, ки қурбонии истисмори меҳнатӣ, ё шаҳвонӣ шудаанд;
- шахсоне, ки дар натиҷаи садамаҳои техногенӣ (аз ҷумла садама дар Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил), ҳолатҳои фавқулодда, амалиётҳои ҳарбӣ зарар дидаанд;
- модарони танҳои ноболиғ, ки тифлони хурдсол доранд ва ноболиғони ҳомиладори танҳо;
- оилаҳои нопурра бо кӯдакони ноболиғ, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд;
- гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ҳамчунин, қурбониёни савдои одамон ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ҳамсаронашон онҳоро партофта, ё кӯмак намекунанд
- ноболиғоне, ки бе парастории волидайн мондаанд;
- занон ва кӯдаконе, ки аз ҳар гуна шаклҳои зӯроварӣ зарар дидаанд;
- собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- ҳамсарони ҷанговарони ҳалокшудаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони ин ҷанг, ки фавтидаанд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- ва дигар шахсоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта ва ё шахсоне, ки ба хизмати таъҷилӣ эҳтиёҷ доранд.
Номгӯи мазкур рӯйхати муфассали ҳаҷм ва намудҳои асосии хизматрасонии итҷимоиро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гурӯҳҳои иҷтимоии шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта пешбинӣ гардидаанд, муайян менамояд.
Номгӯй чунин намудҳои хизматрасониҳоро муттаҳид мекунад:
- хизматрасонии иҷтимоии маишӣ;
- хизматрасонии иҷтимоии тиббӣ;
- хизматрасонии иҷтимоии равонӣ;
- хизматрасонии иҷтимоии педагогӣ;
- хизматрасонии иҷтимоии ҳуқуқӣ.
Хизматрасонии иҷтимоии маишӣ, ки ба дастгирии фаъолияти ҳаётии истифодабарандагони хадамоти иҷтимоӣ равона шудаанд:
- мусоидат ҷиҳати дарёфти хизматрасониҳо, имтиёзҳо ва афзалият дар таъминоти иҷтимоии маишӣ, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд;
- ҷудо намудани ҷойи истиқоматӣ барои будубоши мувақкатӣ, инчунин макон барои ташкил намудани чорабиниҳои таълимӣ ва хизматрасониҳои фархангию маишӣ дар муассисаҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ;
- мусоидат барои тайёр намудани хӯрок ё омода намудан ва додани хӯрок, аз ҷумла хӯроки парҳезӣ;
- додани мебел, инвентари нарм (либосҳо, пойафзол, зерпӯш ва лавозими рахти хоб);
- расонидани хизматҳои иҷтимоию маишии хусусияти инфиродӣ ва беҳдоштӣ дошта ба истифодабарандагони муассисаҳои статсионарӣ, ки вобаста ба саломатиашон наметавонанд амалиётҳои оддии худхизматрасониро, аз ҷумла амалҳоеро ба монанди аз ҷойгоҳи хоб хестан, ба хоб рафтан, либоспӯшӣ, либос кашидан, шустани дасту рӯй, хӯрок хӯрдан, ҳоҷатхона рафтан, гаштугузор дар дохили хона ва берун аз он, нигоҳубини ҷоғ ва дандонҳо, истифодабарии айнак ва дастгоҳҳои шунавоӣ, гирифтани нохунҳо ва ба тартиб даровардани мӯи сар (ришу бурут барои мардҳо) иҷро намоянд;
- ҳангоми ба сабаби саломатӣ ё дигар сабабҳо мумкин набудани истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ, ба истифодабаранда пешниҳод намудани нақлиёт ҷиҳати рафтуомад ба муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, табобатию солимгардонӣ, фарҳангию маърифатӣ ва ғайраҳо;
- кӯмакрасонӣ дар навиштан ва хондани мактубҳо;
- таъмини ҳифзи ашё ва чизҳои қиматбаҳои истифодабарандагони муассисаҳои хадамоти иҷтимоӣ;
- харидорӣ ва ба манзили зист расонидани маводи хӯрока, наҳории гарм;
- харидорӣ ва ба манзили зист расонидани маҳсулоти саноатии ниёзи аввалия;
- кӯмак дар нигоҳубини кӯдакон, дигар аъзои оила, ки корношоям ё муддати тӯлонӣ гирифтори бемории вазнин мебошанд;
- кашондани об, алавмонӣ дар оташдону бухориҳо, мусоидат дар таъмини сӯзишворӣ ба шахсоне, ки манзили истиқоматиашон ба гармидиҳии марказонидашуда ва (ё) таъмини об пайваст нест;
- супоридани либосҳо барои шустушӯ, шустушӯи кимиёӣ, таъмир ва бозпас гирифтану ба манзил расонидани онҳо; - мусоидат ба ташкили таъмир ва рӯбучини манзили истиқоматӣ;
- мусоидат ба пардохти хаққи манзил ва хизматрасониҳои коммуналӣ;
- мусоидат дар ташкили хизматрасонӣ аз тарафи муассисаҳои савдо, хизматрасонии коммуналию маишӣ, алоқа ва дигар муассисаҳое, ки дар ҳудуди ноҳияи истиқоматӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд;
- мутобиқшавии иҷтимоии маишӣ ва меҳнатии маъюб;
- ҳамроҳӣ намудан дар берун аз манзил, аз ҷумла вақти рафтан ба назди духтур;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои иҷрои расму оинҳои динӣ;
- паноҳгоҳи муваққатӣ;
- ташкили хизматрасониҳои маросимӣ (дар сурати набудани хешовандони марҳум ё хоҳиш надоштани онҳо барои анҷом додани маросими дафн).
Хизматрасонии иҷтимоии тиббӣ ба нигоҳдорӣ ва беҳтар намудани саломатии истифодабарандагони хизматрасонии иҷтимоӣ равона гардида, аз чорабиниҳои зайл иборат мебошанд:
- мусоидат ҷиҳати дарёфти хизматрасонии иҷтимоии тиббӣ, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст;
- мусоидат ҷиҳати гирифтани кӯмаки тиббӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ;
- таъмини нигоҳубин бо назардошти вазъи саломатӣ, аз ҷумла хизматрасонии санитарию беҳдоштӣ (тозакунӣ, шустушӯ, ваннаҳои беҳдоштӣ);
- мусоидат барои гузаштан ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва муоинаи тиббию иҷтимоӣ;
- мусоидат барои амалисозии чорабиниҳои тавонбахшии хусусияти иҷтимоии тиббӣ дошта, аз ҷумла мутобиқи барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбон;
- расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифодабарандагони муассисаҳои статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ;
- мусоидат барои аз муоинаи умумии тиббӣ (диспансеризатсия) гузаштани истифодабарандагони муассисаҳои хадамоти иҷтимоӣ;
- бистарикунонии истифодабарандагони муассисаҳхои хадамоти иҷтимоӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ (беҳдоштӣ), мусоидат ҷиҳати гирифтани табобати санаторию курортӣ (аз ҷумла бо шартҳои имтиёзнок);
- мусоидат ҷиҳати гирифтани кӯмакҳои ройгони гузоштани дандонҳои сунъӣ (ба истиснои дандонҳои сунъӣ аз металлҳо ва дигар масолеҳи қиматбаҳо), протезию ортопедӣ, айнакҳо ва дастгоҳи шунавоӣ;
- таъминот бо воситаҳои техникии нигоҳубин ва тавонбахшӣ;
- ташкил намудани маслиҳатдиҳии тахассусии тиббӣ;
- расонидани ёрӣ барои мутобиқшавии тиббии иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ;
- гузаронидани муоинаи аввалияи тиббӣ ва чорабиниҳои аввалияи санитарӣ дар муассисаҳои хадамоти иҷтимоӣ;
- иҷрои амалҳо вобаста ба вазъи саломатӣ (додани дору, чаконидани дору ва ғайраҳо);
- расонидани ёрӣ барои иҷрои машкҳои ҷисмонӣ;
- ташкил намудани фаъолияти табобатию меҳнатӣ;
- машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоии тиббӣ (банақшагирии оила, беҳдошти хӯрок ва манзил, халос шудан аз вазни барзиёд ва одатҳои бад ва ғайраҳо);
- гузаронидани корҳои санитарию маърифатӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мутобиқшавӣ ба синну сол;
- ташкил намудани ёрии фаврии тиббию равонӣ;
- ташаккул ва ба роҳ мондани кори "гурӯҳи солим" аз рӯи нишондиҳандаҳои тиббӣ ва хусусияти синну соли шаҳрвандон;
- гузаронидани корҳои инфиродӣ бо ноболиғон, ки ба пешгирии пайдошавии одатҳои бад ва раҳоӣ аз онҳо, омодашавӣ барои барпо намудани оила ва таваллуди кӯдак вобаста аст;
- мусоидат дар таъмини доруҳо ва масолеҳи таъиноти тиббӣ бо тавсияи табибон;
- мусоидат барои дар беморхона хобондан ва ҳамроҳӣ намудан бо эҳтиёҷмандон ба муассисаҳои табобатию профилактикӣ (беҳдоштӣ);
- ба хешовандони бемор омӯзонидани малакаҳои нигоҳубини умумии бемор;
- расонидани ёрии таъҷилӣ то омадани духтур, даъвати духтур ба хона, ҳамроҳӣ намудану бурда расонидани шаҳрванди эҳтиёҷманд ба муассисаҳои мақомоти тандурустӣ ва дар сурати бистарӣ шуданашон аёдат намудани онҳо;
- мувофиқи таъиноти духтури табобаткунанда анҷом додани амалҳои табобатӣ (гузарондани сӯзандору, гузоштани компрессҳо, захмбандӣ, тоза кардани ҷойи ҷароҳатҳои дар бадан ба вуҷудомада ва гузоштани малҳам, тозакунии рӯдаҳо (клизма), ҷамъоварии мавод барои таҳқиқоти озмоишӣ, расонидани кӯмак дар истифодаи катетер ва дигар асбоби тиббӣ) ҳангоми доштани иҷозатнома ба ин намудҳои фаъолияти тиббӣ;
- омӯзонидани асосҳои дониши тиббию равонӣ ва иҷтимоии тиббӣ ба аъзои оила барои иҷрои чорабиниҳои тавонбахшӣ дар шароити хона;
- назорат намудани вазъи саломатӣ (санҷиши ҳарорати бадан фишори хун);
- мусоидат ба эҳтиёҷмандон барои фароҳам овардани имконияти дарёфти хизматрасониҳои тавонбахшӣ, табобати санаторию курортӣ;
- мусоидат дар табобат ва омӯзиши малакаи худхизматрасонӣ муошират ва худназораткунӣ ба оилаҳое, ки дар шароити хона кӯдакони маъюбро тарбия менамоянд.
- мусоидат барои гирифтани дастгоҳи шунавоӣ, айнак, воситаҳои ортопедӣ ва техникии ҳаракат.
Хизматрасонии иҷтимоии равонии (психологӣ) дастгирӣ, ислоҳи ҳолати рӯҳии истифодабарандагони хизматрасонии иҷтимоиро бо мақсади мутобиқкунии онҳо ба муҳити зист ва ҷомеа пешбинӣ намуда, аз чорабиниҳои зерин иборатанд:
- машварати иҷтимоии равонӣ дар якҷоягӣ бо истифодабаранда, таҳлил намудани ҳолати душвори зиндагии ӯ, маҳдудиятҳои фаъолияти ҳаётӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои самарабахши ҳалли мушкилот;
- миёнаравӣ ва намояндагӣ намудани манфиатҳои истифодабаранда;
- ташхиси равондармонӣ ва муоинаи шахсият;
- ислоҳи ҳолати рӯҳӣ;
- кӯмаки равондармонӣ (психотерапевтӣ - кӯмаки мутахассиси соҳаи бемориҳои рӯҳӣ);
- тренингҳои (омӯзишҳои) равонӣ;
- гузаронидани машғулиятҳо дар гурӯҳҳои ёрии мутақобила, бошишгоҳҳои муошират;
- кӯмаки таъҷилии равонӣ (аз ҷумла тавассути телефон) ва тиббии равонӣ;
- расонидани кӯмаки равонӣ (психологӣ), аз ҷумла гузаронидани сӯҳбатҳо, муошират, шунидан, рӯҳбаландсозӣ, ангезонидани фаъолнокӣ, дастгирии равонии завқи зиндагӣ;
- дастгирии иҷтимоии равонии оилаҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони бемориҳои рӯҳӣ (дорои норасоиҳои равонӣ) ва маъюб зиндагӣ мекунанд.
Хизматрасониҳои иҷтимоии педагогӣ, ки ба тарбия, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва касбӣ, пешгирӣ ва ислоҳи норасоиҳо дар рафтор равона шуда, аз чорабиниҳои зерин иборатанд:
- маслиҳатдиҳии иҷтимоии педагогӣ;
- ташхис ва муоинаи иҷтимоии педагогии шахсият;
- ислоҳи педагогии рафтор;
-мусоидат ҷиҳати маълумотгирии маъюбон бо назардошти имкониятҳои ҷисмонӣ ва қобилияти зеҳнии онҳо, аз ҷумла аз рӯи барномаҳои махсуси таҳсилоти ибтидоии томактабӣ, мактабӣ ва таҳсилоти касбӣ;
- мусоидат барои ташкил намудани таълими кӯдакони маъюб дар хона;
- ба падару модарони кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд, аз ҷумла ба кӯдакони маъюб таълим додани асосҳои тавонбахшии онҳо дар шароити хона;
- хизматҳои вобаста ба тавонбахшии иҷтимоии меҳнатӣ: фароҳам овардани шароит ҷиҳати истифодаи имкониятҳои меҳнатии маъюб барои иштироки фаъолонаи ӯ дар фаъолияти табобатии меҳнатӣ; гузаронидани чорабиниҳо оид ба таълими малакаҳои касбии дастрас, барқарорсозии мақоми шахсӣ ва иҷтимоӣ;
- ташкили таълими кӯдакону наврасон, ки дар муассисаҳои статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ қарор доранд, мувофиқи барномаҳои тасдиқшудаи мактабӣ, аз ҷумла аз рӯи барномаҳои махсус;
- тавонбахшии иҷтимоӣ, инкишоф додани малакаҳои муошират ва зиндагӣ дар коллектив;
- ба маъюбон омӯзонидани истифодабарии воситаҳои техникии тавонбахшӣ;
- тавонбахшии касбии маъюбон ва маслиҳатдиҳии тахассусӣ;
- ба хатмкунандагони муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, ки зиндагии мустақилона доранд, таълим додани асосҳои рӯзгордорӣ (омода кардани ғизо, тармими хурди либос, нигоҳубини хона ва ғайраҳо);
- ташкил намудани роҳнамоии касбӣ, омӯзиши касбӣ ва бо кор таъмин кардани наврасон;
- мусоидат барои ташкил намудани меҳнати наврасони маъюб ва аъзои оилаи онҳо дар хона, таъмин намудани онҳо бо ашёи хом ва мусоидат ҷиҳати фурӯши маҳсулоти тайёр;
- таълими малакаҳои худхизматрасонӣ, рафтор дар зиндагии ҳаррӯза ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, худназораткунӣ, омӯзонидани малакаҳои муошират ва дигар шаклҳои фаъолияти ҳаётӣ;
- хизматрасониҳои аёнӣ (экскурсияҳо, тамошои намоишҳои театрӣ, намоишгоҳҳо, консертҳо, ташкил намудани иду ҷашнҳо, маҳфилҳои ҳаваскорони бадеӣ ва ғайраҳо);
- ташкили таълими забони имову ишора барои кӯдакони маъюбе, ки узви шунавоиашон заиф аст, волидайни онҳо ва дигар шахсони манфиатдор;
- хизматрасониҳо оид ба тарҷума ба забони имову ишора;
- мусоидат барои омӯзиши донишҳои компютерӣ.
Хизматрасониҳои иҷтимоии ҳуқуқӣ, ки барои дастгирӣ ё тағйир додани мақоми ҳуқуқӣ, ҳимояи вазъи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, нигоҳдорӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии истифодабаранда равона шудаанд:
- маслиҳатдиҳӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи шаҳрвандон ба хизматрасонии иҷтимоӣ дар системаи давлатӣ ва ғайридавлатии хадамоти иҷтимоӣ ва ҳифзи манфиатҳои худ;
- мусоидат ҷиҳати гирифтани имтиёзҳо, кӯмакпулиҳо, ҷубронпулиҳо, алиментҳо ва дигар пардохтҳое, ки ба истифодабаранда тааллуқ доранд, беҳтар намудани шароити манзил мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ёрӣ расонидан дар тартиб додани ҳуҷҷатҳо, омода намудан ва пешниҳод кардани арзу шикоятномаҳо аз болои рафтору кирдор ё бефаъолиятии хадамоти иҷтимоӣ, ё худ кормандони ин хадамот, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки ҳуқуқи қонунии шаҳрвандонро вайрон ё халалдор месозанд;
- маслиҳатдиҳӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоии ҳуқуқӣ (қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандон, оид ба манзил, масъалаҳои оилавӣ, меҳнатӣ, нафақа, ҷиноятӣ, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқи кӯдакон, занон, падарон, маъюбон ва ғайраҳо);
- расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои марбут ба таъминоти нафақа, имтиёзу бартариҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ;
- пешниҳод намудан ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандаи ҳизматрасонӣ дар мақомоти судӣ;
- мусоидат намудан барои ҳимояи ҳуқуқҳои вобаста ба манзил ва молу мулк;
- мусоидат барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани айбдорони зӯроварии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ дар оила нисбат ба кӯдакон, занон, кӯҳансолон ва маъюбон;
- мусоидат ба мақомоти васоят ва парасторӣ дар ҷойгиркунии ноболиғон - эҳтиёҷмандони тавонбахшии иҷтимоӣ ба муассисаҳои хадамоти иҷтимоӣ, мусоидат барои пайдо намудани сарпарастон, онҳое, ки ин ноболиғонро ба фарзандӣ метавонанд қабул кунанд;
- мусоидат дар пайдо кардани падару модароне, ки аз тарбияи фарзандонашон сар кашидаанд ва омода намудану ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳо ва пешниҳодҳои дахлдор барои комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак;
- расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ҷиҳати танзим ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо барои парасторӣ ва фарзандхонии кӯдаконе, ки бе саробонии волидайн мондаанд;
- расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати ба тартиб даровардан ва омода намудани ҳуҷҷатҳо барои бо кор таъмин кардан, гирифтани шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки эътибори ҳуқуқӣ доранд;
- бо ваколатнома гирифтани нафақа, кӯмакпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ;
- расонидани ёрӣ ҷиҳати таҳия ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо бо мақсади фиристодани кӯдакон ва наврасон (ҳангоми зарурат) ба муассисаҳои хадамоти иҷтимоии будубоши муваққатӣ;
- расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар ҳимоя ва риояи ҳуқуқи кӯдакон ва наврасон дар давраи тарбия ва ғамхорӣ нисбати онҳо, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатиашон хатар таҳдид мекунад;
- ҷуброни хароҷоти мизоҷони муассисаҳои доимоамалкунанда (маъюбон) вобаста ба сафари онҳо ба ҷои таълим, табобат ё солимгардонӣ, маслиҳатгирӣ;
- мусоидат намудан оид ба таъмини узвҳои сунъӣ ва маҳсулоти ортопедӣ, дастгоҳи шунавоӣ, айнак мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мусоидат намудан дар ҳалли масъалаҳои бокортаъминкунӣ, додани роҳхат ба курсҳои тайёрӣ, ҷустуҷӯи кори муваққатӣ (мавсимӣ), кор бо рӯзи кори кӯтоҳкардашуда, кор дар хона;
- маслиҳатдиҳӣ оид ба масъалаҳои худтаъминкунии шаҳрвандон ва оилаҳои онҳо, рушди соҳибкории оилавӣ, корҳои (ҳунарҳои) хонагӣ ва масъалаҳои дигаре, ки ба беҳтар намудани вазъи моддии онҳо вобастаанд.