ҲУҚУҚИ КӮДАК БА МЕҲНАТ
Кӯдак ба меҳнат, интихоби озодонаи намуди фаъолият ва касбу ҳунар ҳуқуқ дорад.
Кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷозати падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҳуқуқ дорад дар вақтҳои фориғ аз таҳсил бо коре машғул шавад, ки ба саломатию инкишофи зеҳнии ӯ мувофиқ буда, ба ҳолати ҷисмонӣ, маънавӣ ва равониаш зарар нарасонад.
Тартиби бастан ва қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ ва дигар хусусиятҳои муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла меъёри зарурии рӯзи кор, истироҳат, музди кор ва шароити кори кӯдакро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат муқаррар мекунад.
Кӯдакро ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок қабул ва ҷалб намудан манъ аст.
Давлат амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарасторро ба меҳнат кафолат медиҳад.
Ҳангоми муроҷиат намудани кӯдакони ятим ва бепарастори аз 15 то 18-сола мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ майлу рағбати онҳоро омӯхта, бо назардошти вазъи саломатӣ ва лаёқатмандиашон самти касбии онҳоро муайян менамоянд.
Ба кӯдакони ятим ва бепарастор, ки кор меҷӯянд ва дар мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакпулӣ барои бекорӣ дода мешавад.
Кӯдакони ятим ва бепарастор, ки ба синни 15 расидаанд, бо роҳхати мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз ҳисоби квотаи ҷойҳои корӣ дар ташкилотҳо дар навбати аввал ва дар сурати маъюб будан, бенавбат бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.
Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ки мутахассисони ҷавонро, аз ҷумлаи кӯдакони ятим ва бепарастор, бо роҳхати мақомоти дахлдори давлатӣ ба кор қабул мекунанд, ӯҳдадоранд барои онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам оваранд.
Шаҳрванде, ки ба синни понздаҳ расидааст, метавонад ҳамчун корманд тарафи шартномаи меҳнатӣ бошад.
Дар ҳолати истисно бо таълимгирандагоне, ки ба синни чордаҳ расидаанд, инчунин таълимгирандагоне, ки ба синни чордаҳ нарасидаанд ва дар театрҳо, ташкилотҳои банаворгирии кино, консертҳо, сиркҳо ва дигар ташкилотҳои эҷодӣ бе зарар расонидан ба саломатӣ ва инкишофи маънавиашон иштирок менамоянд, бо мувофиқаи падар ё модар ва дигар шахсони тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ивазкунанда бе халалдор кардани раванди таълим метавонанд шартномаи меҳнатӣ банданд.
Агар идома додани кор ба саломатии кормандони аз синни ҳаждаҳ хурд зарарнок ё бо зарари дигар вобаста бошад, падару модар, васӣ (парастор) ё мақомоти ваколатдор ҳуқуқ доранд, ки қатъи шартномаи меҳнатиро талаб намоянд.
Шартномаи меҳнатӣ аз тарафи суд беэътибор дониста мешавад, агар бо шахси ба синни понздаҳ нарасида бе розигии хаттии падар ё модар ва дигар шахсони тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ивазкунанда баста шуда бошад;
Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарноку хатарноқ, истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, инчунин дар корҳое, ки иҷроишашон ба саломатӣ ва инкишофи маънавии онҳо зарар мерасонад, манъ аст.
Рӯйхати корҳоро, ки дар онҳо истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳоеро, ки барои онҳо дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо иҷозат дода мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Аз ҷой ба ҷойи дигар ва аз кор ба кори дигар гузаронидани кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, ки меъёри муқарраргардидаи кор барои онҳо вазнин мегардад, манъ мебошад.
Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарноку хатарноқ, истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, инчунин дар корҳое, ки иҷроишашон ба саломатӣ ва инкишофи маънавии онҳо зарар мерасонад, манъ аст.
Рӯйхати корҳоро, ки дар онҳо истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳоеро, ки барои онҳо дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо иҷозат дода мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Аз ҷой ба ҷойи дигар ва аз кор ба кори дигар гузаронидани кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, ки меъёри муқарраргардидаи кор барои онҳо вазнин мегардад, манъ мебошад.
Дар ду (якчанд) ҷой кор кардани шахсони синнашон то ҳаждаҳ, занони ҳомила, инчунин дар корҳои шароити меҳнати зарарнок дошта, агар кори асосӣ низ ҳамин гуна шароитҳоро дошта бошад, манъ аст.
Бастани шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан ба кормандони синнашон аз ҳаждаҳ хурд, кормандоне, ки дар шароитҳои вазнин, зарарнок ва ё хатарноки меҳнат фаъолият менамоянд, иҷозат дода намешавад.
Агар идома додани кор ба саломатии кормандони аз синни ҳаждаҳ хурд зарарнок ё бо зарари дигар вобаста бошад, падару модар, васӣ (парастор) ё мақомоти ваколатдор ҳуқуқ доранд, ки қатъи шартномаи меҳнатиро талаб намоянд.
Бо кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, шартномаи меҳнатӣ танҳо баъд аз муоинаи ҳатмии тиббии онҳо баста мешавад. Минбаъд кормандон то ба синни ҳаждаҳ расидан ҳар сол аз муоинаи ҳатмии тиббӣ мегузаранд.
Барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида давомнокии вақти кӯтоҳи корӣ муқаррар карда мешавад:
- барои кормандони аз чордаҳсола то шонздаҳсола - на зиёда аз 24 соат дар як ҳафта;
- барои кормандони аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола - на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта;
- барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ, ки якҷоя дар давраи соли таҳсил кор ва таҳсил мекунанд, аз чордаҳсола то шонздаҳсола - 2,5 соат дар як рӯз ва аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола 3,5 соат дар як рӯз.
Пардохти музди меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида бо назардошти рӯзи кории кӯтоҳкардашуда ба амал бароварда мешавад.
Барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, ки баъд аз хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба кор дохил гардидаанд, инчунин аз таълими касбӣ дар истеҳсолот гузаштаанд, мумкин аст, меъёри пасти коркард муқаррар карда шавад.
Корфармо метавонад ба кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида то сатҳи музди меҳнати кормандони давомнокии пурраи рӯзи корӣ дошта иловапулӣ пардохт намояд.
Ҷалб намудани кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида ба корҳои шабона, изофакорӣ, ба ҳисобгирии якҷояи вақти корӣ, фиристонидан ба сафари хизматӣ ва иҷрои корҳои вахтавӣ, инчунин бозхондани онҳо аз рухсатии ҳарсолаи меҳнатии пардохтшаванда манъ аст.
Бо кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида бастани шартнома оид ба ҷавобгарии пурраи моддӣ манъ
Тибқи қонун ба кормандони синни то ҳаждаҳсола дар давраи тобистон ва дигар вақти мувофиқ рухсатӣ дода мешавад.
Ба кормандони синнашон ба ҳаждаҳ нарасида ва кормандоне, ки ба корҳои вазнин машғул мебошанд ва дар шароити вазнин ё зарарноки меҳнатӣ кор мекунанд, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба соли дигар гузаронидани рухсатии меҳнатӣ иҷозат дода намешавад.
Аз рухсатии меҳнатӣ бозхондани кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ва кормандоне, ки дар шароити барои саломатӣ зарарнок, хавфнок ва вазнини меҳнат кор мекунанд, ё корашон хусусияти махсус дорад, инчунин дигар шахсон дар ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мумкин нест.
Барои маълумоти бештар нигаред ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 июли соли 2016 № 1329