ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ТОМАКТАБӢ

таълиму тарбияи томактабӣ – раванди мақсадноке, ки қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабиро инкишоф дода, ба оила, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ мусоидат мекунад;

синни томактабӣ – марҳилаи ташаккулёбии ҷисмонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии кӯдак то расидан ба ҳафтсолагӣ;

муассисаи таълимии томактабӣ – ташкилоте, ки барои кӯдакони синни томактабӣ пешбинӣ шуда, онҳоро бо таълиму тарбияи аввалия фаро мегирад;

мазмуни таълиму тарбияи томактабӣ – маҷмӯи меъёр ва қоидаҳое, ки талаботи давлатиро оид ба дараҷаи инкишоф ва маърифатнокии кӯдакони синни томактабӣ, инчунин шароити ноил гардиданро ба он муайян менамояд;

Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ – санади меъёрие, ки талаботи ягонаро барои таълиму тарбияи томактабӣ муқаррар менамояд;

кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ – омӯзгорон, мураббиён, мушовирон, кормандони тиббӣ, ёрдамчиёни мураббиён, дояҳо ва кормандони ёрирасони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ.

Вазифаҳои таълиму тарбияи томактабӣ аз инҳо иборатанд:

- ташаккули инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ бо назардошти қобилият, шавқу рағбат ва хусусиятҳои фардии онҳо

- ташаккули шахсият ва гузоштани замина барои таълимгирии минбаъдаи кӯдакони синни томактабӣ бо назардошти омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ;

- тарбияи кӯдакони синни томактабӣ дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои фарҳангию миллӣ ва умумибашарӣ, муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба инсон ва қонун, рамзҳо ва забони давлатӣ, оила ва ҷомеа, инчунин муносибати бошуурона ба муҳити зист ва ҳифзи он;

- ҳифз ва таъмини беҳдошти вазъи саломатӣ, инкишофи равонӣ, маънавӣ ва нерӯи эҷодии кӯдакони синни томактабӣ, инчунин ташаккул ва инкишофи қобилиятҳои ҳаётан муҳим ва мутобиқшавии иҷтимоии аввалияи онҳо;

- таълими донишу малакаи аввалия тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ ва барномаҳои таълиму тарбияи томактабӣ;

- ташкили кор бо оила бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии психологию педагогии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) барои нигоҳубини кӯдакони синни томактабӣ ва инкишофу тарбияи онҳо.

Кӯдакони синни томактабие, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс ва забон, инчунин новобаста ба эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ба гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ дар муассисаи таълимии томактабӣ ҳуқуқ доранд.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ доранд таълиму тарбияи томактабиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гиранд.

Ҳуқуқ ба таълиму тарбияи томактабӣ дар оила ва муассисаи таълимии томактабӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ ва барномаҳои таълиму тарбияи томактабӣ амалӣ карда мешавад.

Забони таълиму тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.

Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимии томактабӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Муассисаи таълимии томактабӣ метавонад давлатӣ, ғайридавлатӣ ва муштарак бошад.

Муассиси (муассисони) муассисаи таълимии томактабӣ инҳо шуда метавонанд:

- мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф;

- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- мақомоти маҳаллии идоракунии маориф;

- иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои) муассисаҳои таълимӣ;

- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ.

Муассисаи таълимии томактабӣ шахси ҳуқуқӣ ва ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини муассисаҳои таълимии томактабӣ таъсис дода мешаванд:

- ширхоргоҳ – барои кӯдакони то 3 - сола;

- ширхоргоҳ - кӯдакистон – барои кӯдакони аз 1 - солаю 6 - моҳа то 7 - сола;

- кӯдакистон – барои кӯдакони аз 3 то 7 - сола;

- кӯдакистон - мактаби ибтидоӣ – барои кӯдакони аз 3 то 10 - сола;

- хонаи кӯдакон – барои кӯдакони аз 2 - моҳа то 7 сола;

- мактаб-интернат (гурӯҳи томактабӣ) – барои кӯдакони аз 1 то 7 - сола;

- мактаб-интернати махсус (гурӯҳи томактабӣ) – барои кӯдакони аз 6 то 7 - сола;

- муассисаи таълимии дорои гурӯҳҳои (синфҳои) омодагии пешазмактабӣ – барои кӯдакони аз 5 то 7 - сола;

- маркази инкишофи кӯдакон – барои кӯдакони аз 3 то 7 - сола;

- кӯдакистони оилавӣ – барои кӯдакони то 7 - сола;

 - кӯдакистони навъи тавонбахшӣ – муассисаи таълимии томактабӣ барои кӯдакони аз 2 то 8 - сола, ки ба табобати ҷисмонӣ ва ё инкишофи равонӣ, муолиҷа ва тавонбахшӣ эҳтиёҷ доранд;

- хонаи кӯдакони навъи интернат – муассисаи таълимии томактабие, ки дар он нигоҳубин, тарбия, таълим ва мусоидати иҷтимоӣ ба кӯдакони ятим ва бепарастори синни томактабӣ ва мактабӣ аз ҳисоби давлат таъмин карда мешаванд;

- хонаи кӯдакони ятиму бепарастор – муассисаи таълимии томактабии низоми ҳифзи саломатӣ барои ҳимояи тиббию иҷтимоии кӯдакони ятим ва бепарастор, кӯдаконе, ки аз рӯзи таваллуд нуқси ҷисмонӣ ё равонӣ доранд, кӯдаконе, ки аз тарафи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) рад карда шудаанд, инчунин кӯдаконе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) бо сабабҳои гуногун муваққатан онҳоро тарбия карда наметавонанд ё аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд.

Идоракунии муассисаҳои таълимии томактабии давлатӣ, ғайридавлатӣ ва муштарак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимии томактабӣ аз ҷониби муассис (муасссисон) ва мақомоти дахлдори онҳо амалӣ карда мешавад.

Фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи муассиса, ки бо назардошти низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ ва Стандарти давлатии таҳсилоти томактабии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида таҳия ва тасдиқ шудааст, инчунин қарорҳои муассис (муассисон) ба роҳ монда мешавад ва дар он таълиму тарбияи томактабӣ метавонад дар шакли рӯзона, шабонарӯзӣ, кӯтоҳмуддат ташкил ва анҷом дода шавад.

Муассисаи таълимии томактабӣ барои амалӣ намудани фаъолияти таълимию тарбиявӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома ҳуқуқ дорад.

Муносибатҳои муассисаи таълимии томактабӣ бо падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) тарбиягирандагон ва дигар шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар асоси шартнома тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

Дастрасии таълиму тарбияи томактабӣ барои кӯдакони дорои имконияти ҷисмонӣ ва равонии маҳдуд бо барномаҳое, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ мегарданд, таъмин карда мешавад.

Таълиму тарбияи томактабии кӯдаконе, ки онҳоро муассисаи таълимии томактабӣ фаро нагирифтааст, дар марказҳои инкишофи кӯдакон, гурӯҳҳои (синфҳои) омодагии пешазмактабии кӯдакон мувофиқи барномаҳои махсуси таълимӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ мегарданд, таъмин карда мешавад.

Тарбиягирандагони муассисаи таълимии томактабӣ соҳиби ҳуқуқҳои зерин мебошанд:

- гирифтани таълиму тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ;

- дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар муассисаи таълимии томактабӣ;

- нигоҳдории саломатӣ, инкишоф, таълим ва тарбия дар шароити мусоиди бехавф;

- дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

Падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) тарбиягирандагон ҳуқуқ доранд:

- барои гирифтани таълиму тарбияи томактабии кӯдакон муассисаи таълимии томактабиро интихоб намоянд;

- ба мақомоти дахлдори идоракунии маориф оид ба масъалаҳои тарбия, таълим, инкишоф ва нигоҳубини кӯдакони худ муроҷиат намоянд;

- манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакони худро ҳимоя намоянд.

Падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) тарбиягирандагон ӯҳдадоранд:

- дар бораи сиҳатии ҷисмонию равонии кӯдаки худ ғамхорӣ зоҳир намуда, барои инкишофи шавқу рағбат ва қобилияти ӯ шароит фароҳам оваранд;

- ба кӯдакашон барои гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ шароит фароҳам оваранд;

- барои ба таҳсил омода намудани кӯдакон мусоидат намоянд;

- кӯдаконро дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, ҳисси эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ тарбия намоянд.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ТОМАКТАБӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013, №12 , мод900)

crescentofhearth.com