МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

- экстремизм - ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зўроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст;

- фаъолияти экстремистӣ - фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зўроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд;

Моддаи 3. Фаъолияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ ҳисобида мешавад

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти экстремистӣ манъ мебошад.
  2. Фаъолияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ ҳисобида мешавад:

- бо зўрӣ сарнагун кардан ва ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, вайрон ва халалдор кардани соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан ба чунин кирдорҳо;

- барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ (мазҳабӣ) ва муноқишаҳои иҷтимоӣ, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубияти онҳо ба миллат, нажод ё маҳал ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё содир кардани ин ҳаракатҳо бо роҳи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

- амалҳое, ки ба ноустувор сохтани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд;

- амалҳое, ки ба ғасб ё аз худ кардани ваколатҳои ҳокимият равона шудаанд;

- ташкил кардани гурўҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар онҳо;

- паст задани шаъну эътибори миллӣ;

- вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд вобаста ба мансубияташ ба гурўҳи иҷтимоӣ, нажод, миллат, қавм, маҳал, дин (мазҳаб) ва забон ё муносибати ў ба дин;

- ҷалб намудан барои иштирок дар амалҳои экстремистӣ, инчунин омўзондани мафкураи экстремистӣ;

- монеъ шудан ё маҷбур кардан ба тағйир додани хусусияти фаъолияти қонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ, комиссияҳои интихоботӣ, ташкилот, иттиҳодияҳои дигар ва шахсони мансабдори онҳо;

- истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ташкилоти дигари давлатӣ ва наздикони онҳо бо мақсади қасос гирифтан барои он амалҳое, ки бо иҷрои фаъолияти хизматӣ вобаста бошад ё ин ки хатари истифодаи зўроварӣ вобаста ба ин асосҳо;

- ташвиқот ва ба намоиши оммавӣ гузоштани нишон, парчам ё рамзи дигари ташкилотҳои аз ҷониби суд экстремистӣ эътирофшуда;

- даъвати оммавӣ барои иҷро намудани амалҳои экстремистӣ ё интишори маводи экстремистӣ, инчунин тайёр кардан ва нигоҳ доштани онҳо бо мақсади паҳн намудан;

- нашр ва (ё) паҳн кардани маводи чопӣ, аудиоӣ, видеоӣ ва маводи дигари дорои хусусияти экстремистӣ дар воситаи ахбори омма, шабакаи интернет, воситаи алоқаи барқӣ.

Моддаи 4. Принсипҳои муқовимат ба экстремизм

Муқовимат ба экстремизм ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- қонуният;

- риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои қонунии ташкилотҳо;

- бартарияти таъмини амнияти давлат;

- бартарияти чораҳои пешгирикунандаи фаъолияти экстремистӣ;

- ба таври мунтазам, маҷмўӣ ва мувозинавӣ ба роҳ мондани тадбирҳои сиёсӣ, иттилоотию ташвиқотӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳуқуқӣ - маъмурӣ, ҳуқуқӣ - ҷиноятӣ ва чораҳои дигари муқовимат ба экстремизм;

- ҳамкории давлат бо шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилоту иттиҳодияҳои дигар дар муқовимат ба экстремизм;

- ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ;

- мутобиқати чораҳои муқовимат ба экстремизм ба дараҷаи хавфнокии фаъолияти экстремистӣ

Моддаи 13. Ваколатҳои субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд

  1. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барномаҳои тарбиявӣ ва санадҳои меъёрии дар самти такмили маърифати ҳуқуқӣ қабулгардидаро бо мақсади расондани таъсир ба шуури наврасону ҷавонон ҷиҳати роҳ надодани ҷалби онҳо ба ташкилотҳои экстремистӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
  2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- баҳисобгирии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷ ва бозгашт аз хориҷаро амалӣ менамояд;

- дар якҷоягӣ бо намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа барои таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷўӣ менамояд;

- дар байни муҳоҷирон дар дохил ва хориҷи кишвар корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳиро барои пешгирӣ аз шомилшавии онҳо ба сафи созмонҳои экстремистӣ ба роҳ мемонад;

- фаъолияти ташкилотҳоро оид ба бакортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар назорат мекунад;

- барои пешгирӣ ва бартарафсозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ чорабиниҳоро татбиқ мекунад;

- масъалаҳои вобаста ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва назорат мекунад;

- дар ҳолати ошкор намудани вайронкунии қоидаҳои будубош аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо мавод таҳия карда, ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод менамояд.

  1. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ахбори омма бо мақсади роҳ надодани ташвиқу тарғиб ва дастгирии экстремизм ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамоянд, фазои таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дар байни шаҳрвандон, новобаста аз мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) фароҳам меоранд, инчунин дар доираи ваколатҳои худ дар самти мазкур чораҳои дигар меандешанд.
  2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалиро ба роҳ монда, дар якҷоягӣ бо субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда ҷиҳати дар сатҳи байналмилалӣ ва ё аз тарафи давлатҳои хориҷӣ экстремистӣ эътироф намудани ташкилотҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ эътироф шудаанд, чораҳои дахлдор меандешад.
  3. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ошкор, огоҳонӣ, пешгирӣ ва рафъ намудани фаъолияти экстремистӣ иштирок менамояд.
  4. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни занон тарзи ҳаёти солимро ташвиқ менамояд, омилҳои номатлуби экстремистиро миёни онҳо ва оила огоҳ ва пешгирӣ менамояд.
  5. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷиҳати пешгирӣ намудани фаъолияти экстремистӣ дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ чораҳо меандешанд, вазъи муҳити диниро дар маҳал меомўзанд ва таҳлил мекунанд, чорабиниҳо ва корҳои тарғиботиро дар ҳудуди ба онҳо дахлдор ташкил менамоянд.

Моддаи 20. Додани огоҳии расмӣ, амр ва овардани пешниҳод дар бораи роҳ надодан ба амалӣ гаштани фаъолияти экстремистӣ

  1. Ҳангоми мавҷуд будани иттилооти боэътимод дар бораи амалҳои зиддиҳуқуқии хусусиятҳои экстремистидошта, ки тайёр шуда истодаанд ё содир шудаанд, вале асоси кофӣ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашидан мавҷуд нест, ба роҳбарони гурўҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаи ахбори омма ё ташкилоти дигар, инчунин шахси воқеии дахлдор огоҳии расмӣ дар бораи роҳ надодан ба фаъолияти мазкур, амр дар бораи фавран бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ ё пешниҳод дар бораи бартараф сохтани сабабу шароитҳои мусоидаткунандаи вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
  2. Пешниҳод аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурори дахлдори ба ў тобеъ оварда мешавад. Огоҳии расмӣ аз ҷониби Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, чунин пешниҳод ё огоҳии расмиро метавонанд субъектҳои дигари муқовимат ба экстремизм бароранд.
  3. Дар ҳолате, ки аз болои ҳуҷҷатҳои мавриди эътиноии расмии дар қисми 1 моддаи мазкур номбаршуда бо тартиби бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида шикоят оварда нашудааст ё бо қарори суд ин санадҳо ғайриқонунӣ эътироф нагардидаанд, вале аз ҷониби гурўҳҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё ташкилотҳои дигар, ки ба онҳо ин санадҳо дода шудаанду дар муҳлатҳои муқарраргардида бе иҷро мондаанд, масъалаи нисбати онҳо татбиқ намудани ҷавобгарии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, аз ҷониби мақомоти дахлдор баррасӣ карда мешавад.

Моддаи 21. Муқовимат ба маблағгузории экстремизм

  1. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар ва сохторҳои минтақавӣ ва тобеи онҳо, аз ҷумла ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятбаранда, ки ба маблағгузории экстремизм ва фаъолияти ба он монанд равона гардидаанд, боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
  2. Ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд хизматрасониро ба шахсони ҳуқуқие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти экстремистӣ эътироф гардидаанд, рад намоянд.
  3. Назорати иҷрои муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон ва субъектҳои дигари ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда дар доираи ваколатҳои онҳо гузошта мешавад

Моддаи 24. Чораҳои муқовимат ба фаъолияти ташкилоте, ки экстремистӣ эътироф шудааст

Экстремистӣ эътироф гардидани ташкилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси оқибатҳои зерин мегардад:

- бекор кардани бақайдгирии давлатӣ ва аккредитатсия;

- манъ намудани пешбурди ҳама гуна фаъолият дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- манъ намудани чопи ҳама гуна мавод аз номи ташкилоти мазкур дар воситаи ахбори омма;

- манъ намудани гузарондани чорабиниҳои оммавӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин иштирок дар чунин чорабиниҳо ба сифати намояндаи ташкилоти мазкур;

- манъ намудани созмон додани ташкилоти вориси ҳуқуқии ташкилоти мазкур новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;

- манъ намудани будубоши шаҳрванди хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба сифати намояндаи ин ташкилот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 307(1). Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм

1) Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва (ё) сафедкунии оммавии экстремизм,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар;

а) такроран;

б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Зери мафҳуми сафедкунии оммавии экстремизм тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи экстремизм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад.

Моддаи 307(2). Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)

1) Ташкили иттиҳоди экстремистӣ, яъне гурўҳи муташаккили шахсон барои тайёр ё содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 157, 158, 160, 185, 188, 189, 237, 237(1), 242, 243 (ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта) пешбининамудаи ҳамин Кодекс аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, ё динӣ, ҳамчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати кадом як гурўҳи иҷтимоӣ, инчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳоди экстремистӣ, ба ҷузъ ё томҳои ба чунин иттиҳод дохилшаванда, ҳамчунин ташкили иттиҳоди ташкилкунандагон, роҳбарон ё дигар намояндагони ҷузъ ё томҳои чунин иттиҳод бо мақсади таҳияи нақшаҳо ва (ё) шароит барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз чор то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки такроран ё бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад.

Моддаи 307(3). Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)

1) Ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то даҳ сол  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад. 

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад.

Моддаи 307(4). Ташкили таълим ё гурўҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта

  1. Ташкили таълим ё гурўҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин роҳбарӣ ё иштирок дар чунин таълим новобаста аз ҷойи таълим,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

  1. Ҳамин кирдор, агар:

- бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад;

- бо маблағгузорӣ намудани чунин гурўҳҳо алоқаманд бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.

crescentofhearth.com